Ёрдамчии Президенти ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонзода Раиси Шӯрои байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ интихоб гардид

Декабрь 15, 2017 12:07

ДУШАНБЕ, 15.12.2017./АМИТ «Ховар»/. Рўзҳои 11-12 декабри соли 2017 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Форуми XII олимон ва зиёиёни эҷодкор ва Шўрои байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ доир гардид.

Дар кори Форум ва Шўрои байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа А.Раҳмонзода ва ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуд.

А.Раҳмонзода иштирокчиёни Форумро аз номи ҳайати намояндагони Тоҷикистон табрик намуда, сиёсати имрўзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба рушди илм, маориф ва фарҳанг ба самъи ҳозирин расонид.

Дар нимаи дуюми рўз дар  Форум мавзўи асосӣ — «Нақши ҳамкориҳои гуманитарӣ дар таҳкими анъана ва арзишҳои оиладорӣ дар кишварҳои узви ИДМ» баррасӣ гардид. Дар он ба сифати намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Раҳмонзода доир ба аҳамияти қонунҳои миллӣ, рушди оила дар кишвар, арҷгузорӣ ва эҳтиром нисбат ба оила, сиёсати Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила суханронӣ кард.

Ҳамчунин, А.Раҳмонзода дар Шўрои байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд.  Дар охири ҷаласаи Шўро масъалаи интихоби Раиси  Шўрои байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ муҳокима шуд. Ҳозирин пешниҳоди муовини Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи ИДМ К. Жусупбековро дастгирӣ карда, ба сифати Раиси Шўрои мазкур дар соли 2018 А.Раҳмонзодаро интихоб намуданд.

Ҳамзамон Нақшаи чорабиниҳои Шўрои байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ барои соли 2018 ва пешниҳоди лоиҳаҳо барои соли 2019 муҳокима  ва тасдиқ гардиданд.

Ҷаласаҳои панелии Форум масъалаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва сиёсати ҷавононро дарбар мегирифт, ки дар он намояндагони Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, суханронӣ карданд.

Ҳамчунин бо пешниҳоди А.Раҳмонзода оид ба таъсис додани университети шабакавии ИДМ ва масъалаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани китобҳои тозанашр аз Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои  ИДМ изҳори назар карда шуд.

Форуми олимон ва зиёиёни  эҷодкор ва Шўрои байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ доир гардид.

 

 

Декабрь 15, 2017 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд