«Ҳама маблағ, ҳама захираҳо тоҷикист…» – шарҳи матбуот
ДУШАНБЕ, 11.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи «Ҷумҳурият» (08.01.2018,№5-6) дар шумораи навбатӣ матни қонунҳоеро, ки аз тарафи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 январи соли равон ба имзо расида буданд, чоп кардааст.
«Сиёсати «дарҳои кушода» чун меҳвари аслии муносибатҳои мо ба ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод. Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурдаи кишварамон дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард», — бо ҳамин суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (09.01.2018,№7) ба дасти хонандагон расидааст. Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ нашрия мақолаҳои зеринро чоп кардааст: «Паём ва нақши он дар таъмини ҳамгироии иҷтимоии ҷомеа», муаллиф М.Хидирзода, «Ҳуқуқу озодиҳои инсон дар меҳвари сиёсати давлатӣ», муаллиф Д.Ҳошимзода, «Неруи зеҳнӣ ба хотири рушди истеҳсолот», муаллиф М.Сафар, «Ҳадаф – таъмини шароит барои зиндагии шоиста», муаллиф И.Мӯсозода. Муаллифони мақолаҳои мазкур дар заминаи Паёми Пешвои миллат паҳлуҳои гуногуни сиёсати дохилии Ҳукумати мамлакатро бо нишон додани дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва муваффақиятҳои сиёсӣ шарҳу тавзеҳ додаанд. Ҳамчунин дар мавзӯъҳои дастовардҳои истеҳсолӣ ва тавсеаи соҳибкорӣ дар ноҳияи Ашт, имкониятҳои табиии ноҳияи Ишкошим ҷиҳати рушди сайёҳӣ, ҳаёту рӯзгори ҷавонон дар ноҳияи Балҷувон, мушкилоти соҳаҳои кӯҳкорӣ ва дорусозӣ дар ҷумҳурӣ мақолаҳои таҳлилӣ ба нашр расидаанд. Муаллифи мақолаи «Дорусозии ватанӣ» чунин навиштааст: «Ҳоло дар қаламрави мамлакат беш аз 90 ширкат ба воридоти доруворӣ ва молҳои тиббӣ машғул буда, доруҳоро асосан аз Россия, Беларус, Украина, Покистон, Чин ва Ҳиндустон меоранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки истеҳсолкунандагони ватанӣ бо пайдо намудани эътимод, дастгирӣ, имтиёз метавонанд фаъолияташонро густариш дода, як зумра маводи муҳими воридотиро бевосита худ истеҳсол кунанд».
Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (10.01.2018,№8) оид ба мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов хабари муфассал чоп шудааст. Дар мулоқоти судманду созанда изҳори умед карда шуд, ки ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва масъалаҳои марзи давлатӣ дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор шуда, натиҷаҳои кори онҳо омили муҳими таҳкимбахшандаи муносибатҳои дӯстонаю самимии ду ҳамсоядавлат мегарданд. Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамдастии ду давлат дар мубориза ба хатару таҳдидҳои номатлуби минтақа ва ҷаҳон, аз қабили терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Нашрия оид ба мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ С.Аслов бо мудири иҷроияи ширкати энергетики «Небрас» Холид Муҳаммад (Қатар), вохӯрии намояндагони гуногуни қишри ҷомеа бо гурӯҳи таблиғотӣ оид ба шарҳу эзоҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Солӣ бо роҳбари «Ширкати киштиронии Каспии Озарбойҷон» Рауф Валиев, ташкил шудани гӯшаҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаҳои таълимии Хуҷанд хабарҳо нашр кардааст.
Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» (09.01.2017,№4-5) матни қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба баъзе қонунҳои амалкунанда, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагон қабул ва аз тарафи Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ шуда, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба имзо расонидааст, нашр кардааст. Нашрия ҳамчунин хабар дар бораи ба даҳгонаи давлатҳои ҷолиби сайёҳӣ ворид шудани Тоҷикистонро нашр карда, мақолаи «Хоки Ватанро аз шусташавӣ ҳифз намоем», ҳикояи «Нақши охирини актёр» ва ҳаҷвияи «Хестӣ, ки хобӣ!»-ро пешкаши хонандагон намудааст.
Нашрияи русзабони «Народная газета» оид ба мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омада буд, дар шаҳри Душанбе баргузор шудани вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду давлати ҳамсоя хабару гузоришҳо чоп кардааст. Кори ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ҷараён гирифтанд. Зимни гуфтугӯҳои судманди байниҳукуматӣ ба масъалаи рушду тавсеаи бештари ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар заминаи дӯстию ҳамсоягии нек таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд. Мақолаҳои таҳлилии «Ҳунарҳои мардумӣ: Эҳёи анъанаҳо», «Саёҳат тавассути «дарвозаҳои тиллоӣ» ба «биҳишти рӯи замин», инчунин ёдномаи Мансур Сайфиддин бо сарлавҳаи «Мо шуморо фаромӯш намекунем, Устод!» (дар бораи академик Муҳаммад Осимӣ, ки бо дасти ҷоҳилони зархариди ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ бераҳмона ба қатл расонида шуда буд), аз тарафи хонандагони нашрия ба хубӣ пазируфта хоҳанд шуд.
Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» бо сарлавҳаи «Бунёди тамаддуни зеризаминӣ дар Тоҷикистон» мақолаи сармуҳаррири рӯзномаи «Завтра» (Федератсияи Россия) Александр Прохановро чоп кардааст. Муаллифи мақола навиштааст: «НБО –и Роғун сохтмони президентист. Ин «фарзанди дӯстдошта»-и Эмомалӣ Раҳмон аст, ӯ аз тамоми дунё сохтмончиён ва муҳандисонро ҷамъ меорад, буҷаи давлатро ончунон пешбинӣ намудааст, ки барои сохтмони неругоҳи Роғун ягон доллари қарзӣ сарф нагардад. Ҳама маблағ, ҳама захираҳо тоҷикист, мардуми тоҷик онро ҷамъ оварда, аз бисёр чизҳои зарурӣ даст кашидааст, то ин ки ин неругоҳи беназирро бисозад».