Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан

Январь 29, 2018 17:48

ДУШАНБЕ, 29.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Чехия ба Шумо табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти  хешро иброз менамоям.

Тоҷикистон ва Чехия бар асоси усулҳои эътирофгардидаи равобити байналмилалӣ — ҳусни тафоҳум, баробарҳуқуқӣ, некхоҳӣ ва эътимод ба ҳамдигар — то имрӯз муносибатҳои ҳасана ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба роҳ монда, пеш бурда истодаанд.

Дар Тоҷикистон Шуморо ҳамчун пайрави рушду тавсеаи бемайлони робитаҳои гуногунарсаи кишварҳои мо медонанд ва ба шахсияти Шумо эҳтиром мегузоранд.

Итминон дорам, ки мо бо саъю кӯшишҳои муштарак ҳамшарикии  кишварҳоямонро боз ҳам таҳким бахшида, бар нафъи мардумонамон ба зинаҳои нави баландтар хоҳем бардошт.

Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комилу дар масири иҷрои рисолати хеш комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Чехия сулҳу субот ва некуаҳволии беш аз пеш орзу дорам».

 

Январь 29, 2018 17:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар