Бемасъулиятии 380 нафар падару модар нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон ошкор гардид

Январь 8, 2018 16:19

«Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модар ва муаллим дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун».

 Муҳаммад Ғаззолӣ

ДУШАНБЕ, 08.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар 12 моҳи сипаригардида аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ҳудуди шаҳри Душанбе вобаста ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон ва ҷавонон, инчунин дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ (дискоклубҳо, интернет-кафеҳо, марказҳои компютерӣ, толорҳои букмекерӣ ва тарабхонаҳо) рафтани ноболиғон амалиёти рӯзона ва шабона гузаронида шуд, ки дар натиҷа нисбат ба 380 нафар падару модароне, ки уҳдадории худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд, бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.

Зикр шуд, ки тарбияи дурусти фарзанд, дар рӯҳияи инсондӯстиву меҳанпарастӣ ва хайрхоҳӣ ба камол расонидани онҳо аз ҷониби волидайн вазифаи пурмасъулият ва заҳматталаб аст. Мутаассифона, имрӯз волидоне ёфт мешаванд, ки нисбат ба тарбия ва ояндаи фарзандон хунукназарӣ намуда, бетарафиро ихтиёр мекунанд, онҳоро ба ҳоли худашон мегузоранд, ки ин амал боиси ба ҳар кори нодуруст ва кирдорҳои номатлуб даст задани онҳо мегардад. Хушбахтона, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нуктаро ба инобат гирифта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро қабул намуд.

Дар ҳамбастагӣ ба ин масъала айни ҳол Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, ки ҳадафи асосии  он пешгирӣ ва назорати ноболиғон аз ҳуқуқвайронкунӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо волидайне мебошад, ки нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд хунукназарӣ зоҳир карда, дар бештари ҳолатҳо боиси аз хона баромада, бедарак шудани фарзандонашон мегарданд.

Нозири калони гурӯҳи матбуотии хадамоти мазкур Абдулло Шоев зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ноболиғон, пешгирии ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон қарор дошта, дар ин самт корҳои муфид ба сомон расонида шудаанд. «Дар 12 моҳи соли сипаригардида аз ҷониби роҳбарият ва ҳайати шахсии шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон Хадамоти Вазорат ҷиҳати таъмини иҷрои нишондодҳои  амалкунандаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд тадбирҳои мушаххаси ташкилӣ-назоратиро ҷиҳати тарбия, ташаккул ва камолоти ноболиғон, пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз қабили худкушӣ ва суиқасд ба он, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷинояткорӣ дар байни онҳо, тарбияи ноболиғон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, риояи қонунҳо ва рафтору одоби ҷамъиятӣ амалӣ намуд».

Ба иттилои Абдулло Шоев, оид ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо моддаи  90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 16 ҳазору 823 адад ва соли 2016- 14 ҳазору 736 адад санадҳои маъмурӣ нисбат ба падару модарон ва масъулин ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуданд.

Бояд гуфт, ки як сабаби асосии гум гаштани ноболиғон  бемасъулиятии волидайн мебошад. Ба ин хотир волидонро мебояд фарзандонашонро пайваста назорат кунанд ва нисбат ба таълиму тарбияи онҳо бетарафиро ихтиёр накунанд, то фарзандон чун насли сазовору ояндасоз ба воя расида, ҳамеша ба нафъи Ватану миллат хизмат кунанд.

Шаҳлои САДРИДДИН

 

 

 

Январь 8, 2018 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаҳои ҳамгироии рақамиро дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ намуданд
ПИРЯХҲО ВА МАСОИЛИ ТАЪМИНИ ОБ ДАР САТҲИ ҶАҲОНӢ. Назари коршинос доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» доир шуд
Дар Конибодом Фестивали шаҳрии гулҳо — «Сайри гули лола» доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар доираи «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Бӯстон олимпиада оид ба шоҳмот доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Фестивали «Сайри гули лола» доир карда шуд
Дар шаҳри Хоруғ Лигаи волейболи вилоят байни мардон то охири сол баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғулияти омӯзишӣ оғоз гардид