БОЗГӮИ ФАЪОЛИЯТ: дар ноҳияи Фирдавсӣ 22 майдончаи варзишӣ ва 9 адад гулгашт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд
ДУШАНБЕ, 25.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2017 нишасти матбуотӣ доир шуд.
Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Ҷамшед Табарзода зимни пешниҳоди ҳисобот бурду бохти ноҳияро дар соли 2017 шарҳу тавзеҳ дода, аз ҷумла, зикр кард, ки соли 2017 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ корҳои ободониро вусъат бахшида, намои биноҳоро дар масоҳати 26 ҳазору 227 метри мураббаъ рангу бор, масоҳати 3 ҳазору 620 метри мураббаъро майсазор ва масоҳати 1 ҳазору 697 метри мураббаъ тахтасангҳои канори роҳҳоро барқарор намуд.
«Дар ин давра дар ҳудуди ноҳия 22 адад майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона, 9 адад гулгашт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд», — афзуд раиси ноҳия.
Дар нишасти хабарӣ ҳамчунин зикр гардид, ки рӯзномаи «Фурӯғи Фирдавсӣ» моҳе як маротиба нашр мегардад, ки тавассути он аҳолӣ аз хабару рӯйдодҳои нав ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия воқиф мегарданд.
Нишасти хабарӣ бо суолу ҷавоб байни раиси ноҳия ва намояндагони ВАО анҷом ёфт.








Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд






