Дар Душанбе нахустин Маркази иттилоотии сайёҳӣ ифтитоҳ гардид

Январь 11, 2018 16:53

ДУШАНБЕ, 11.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин «Маркази иттилоотии сайёҳӣ» ифтитоҳ ёфт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни ҷамъомад иттилоъ дод, маркази мазкур бо таҷҳизоти муосири иттилоотӣ, аз қабили телевизорҳои плазмавӣ, планшетҳо ва ноутбукҳо таҷҳизонида шуда, дорои маводи иттилоотии сайёҳӣ ва армуғонҳо барои сайёҳон мебошад.

Муовини сардори раёсати рушди сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Мирзоев ҳадафи таъсиси Маркази муосири иттилоотии сайёҳиро ташвиқу тарғиб ва муаррифии бештари таъриху фарҳанги миллӣ ва пешниҳоди маълумоти дурусту саҳеҳ ба сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ арзёбӣ намуда, гуфт: «мақсади марказ хизматрасонии машваратию иттилоотӣ ба сайёҳон ва ҷалби бештари онҳо буда, он барои рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад».

Дар Марказ планшетҳо ба шабакаи интернет пайваст буда, фарогири тамоми иттилооти зарурӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ, таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳу табобатгоҳҳо мебошад ва ба меҳмонон маълумоти саҳеҳро сари вақт пешниҳод менамояд.

Январь 11, 2018 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад