Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
ДУШАНБЕ, 22.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, фестивал бо иштироки васеи сокинону меҳмонони пойтахт дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, дар доираи он намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ойинҳои наврӯзӣ, бозиҳои миллии варзишӣ, пухтани таомҳои миллӣ, либоси миллӣ ва муаррифии имкониятҳои хизматрасонии сайёҳӣ ба ташкил карда шуд.
Инчунин дар фестивал гӯшаҳои махсуси муаррифии хизматрасониҳои сайёҳӣ ташкил гардида, ширкатҳо ва субъектҳои соҳа имкониятҳои сайёҳии мамлакатро пешниҳод намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни суханронӣ иброз дошт, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардида, имрӯз ба яке аз василаҳои муҳими муаррифии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Дилрабо Мансурӣ баён намуд, ки ин ҷашни бостонӣ рамзи эҳёи табиат, ваҳдату ҳамдилии мардум ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки ниёгон маҳсуб меёбад.
«Баргузории чунин фестивалҳо барои эҳё ва муаррифии анъанаҳои мардумӣ, ҳунарҳои дастӣ ва таомҳои миллӣ мусоидат намуда, ҷалби сайёҳони хориҷиро ба минтақа бештар менамояд. Аз ин рӯ ҳар як шаҳрванд бояд бо ҳисси масъулият дар ҳифз ва густариши мероси фарҳангии ниёгон саҳмгузор бошад. Зеро Наврӯз на танҳо ҷашни гузаштагон, балки пули пайванди наслҳо ва омили муҳими таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа мебошад», — изҳор дошт муовини Сарвазири мамлакат.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ҳадафи он муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, эҳё ва тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон ба меҳмонони дохилию хориҷӣ мебошад.
Ин фестивал дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» ва «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки ҷашни Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои башарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардида, барои муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






