Дар Хатлон дар самти истифодаи замин 106 санҷиш гузаронида шуд

Январь 27, 2018 10:57

ҚӮРҒОНТЕППА, 27.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Прокуратураи  вилояти  Хатлон  дар  самти иҷрои    истифодаи  самараноки замин  корҳои мушаххас  ба  анҷом   мерасонад. Тавре  аз  прокуратураи вилояти  Хатлон  ба  хабарнигори АМИТ “Ховар”  иттилоъ  доданд, санҷишҳои гузаронида оид ба иҷрои талаботи қонунгузорӣ дар бораи самаранок ва оқилона истифода бурдани замин нишон доданд, ки вазъи истифодаи замин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беҳтар гардидааст.

Соли  гузашта   дар  ин  самт  106 санҷиш гузаронида шуд.   Ҳамзамон  дар  ин  самт 207 амр дода шуда, баҳри бекор намудани санадҳои ғайриқонунӣ қабулшуда аз  тарафи  прокуророни шаҳру  навоҳӣ 258  эътироз оварда шуд. Аксарияти   эътирозҳо    мансуб  ба қарорҳои ғайриқонунӣ қабулнамудаи раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд.

Тавре прокурори  вилояти  Хатлон   Насрулло  Маҳмудзода  иттилоъ  дод, соли гузашта оид ба риоя  накардани  қонунгузорӣ  дар  самти  истифодаи  замин 272  парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. “Ҳамзамон дар асоси дидани чораҳои прокурорӣ зиёда аз 26,7  миллион сомонӣ қарзҳои барқ, об ва гази табиӣ рӯёнида шуданд”,-иброз  намуд  Н. Маҳмудзода.

Январь 27, 2018 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад