Дар Хатлон дар самти истифодаи замин 106 санҷиш гузаронида шуд
ҚӮРҒОНТЕППА, 27.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Прокуратураи вилояти Хатлон дар самти иҷрои истифодаи самараноки замин корҳои мушаххас ба анҷом мерасонад. Тавре аз прокуратураи вилояти Хатлон ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, санҷишҳои гузаронида оид ба иҷрои талаботи қонунгузорӣ дар бораи самаранок ва оқилона истифода бурдани замин нишон доданд, ки вазъи истифодаи замин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беҳтар гардидааст.
Соли гузашта дар ин самт 106 санҷиш гузаронида шуд. Ҳамзамон дар ин самт 207 амр дода шуда, баҳри бекор намудани санадҳои ғайриқонунӣ қабулшуда аз тарафи прокуророни шаҳру навоҳӣ 258 эътироз оварда шуд. Аксарияти эътирозҳо мансуб ба қарорҳои ғайриқонунӣ қабулнамудаи раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд.
Тавре прокурори вилояти Хатлон Насрулло Маҳмудзода иттилоъ дод, соли гузашта оид ба риоя накардани қонунгузорӣ дар самти истифодаи замин 272 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. “Ҳамзамон дар асоси дидани чораҳои прокурорӣ зиёда аз 26,7 миллион сомонӣ қарзҳои барқ, об ва гази табиӣ рӯёнида шуданд”,-иброз намуд Н. Маҳмудзода.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






