Дар мақомоти гумрук масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ баррасӣ гардиданд

Январь 22, 2018 10:47

ДУШАНБЕ, 22.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Таъмини амнияти миллӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳаракатҳои дорои характери террористӣ, экстремистӣ ва коррупсионӣ»- таҳти чунин унвон дар  Душанбе бо ташаббуси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат баргузор гардид. Дар он беш аз 40 нафар кормандони гумруки «Майдони ҳавоӣ» ва дидбонгоҳи гумрукии «Пахтаобод» — Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода иштирок намуданд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ  доданд.

Бино ба иттилои манбаъ,   машварат бо мақсади таъмини амнияти миллӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳаракатҳои дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ ва коррупсионӣ  гузаронида шуд. Дар он сардори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти гумрук Сабзалӣ Шарифзода ва дигар кормандони масъули мақомоти гумрук роҷеъ ба самтҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, саҳми мақомоти гумрук дар муқовимат алайҳи экстремизм ва терроризм, омилҳо, зуҳурот, шомилшавии ҷавонон ва оқибатҳои ногувории он, чораҳои иловагии таъмини бехатарӣ дар фурудгоҳҳо ва ҳавопаймоҳо, омилҳои коррупсионӣ ва дигар зуҳуроти суиистифода аз мансаби хизматӣ дар мақомоти гумрук, муқовимат ба савдои одамон, омилҳо ва саҳми мақомоти гумрук дар пешгирии ҷиноятҳои хариду фурӯши одамон ва дигар масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти миллӣ ибрози назар намуданд.

Таъкид шуд, ки таҳдиду хатарҳои замони муосир, бахусус  терроризм ва экстремизм сарҳад надоранд ва дар назди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан гумрукчиён барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ вазифаҳои муҳим меистанд.

Январь 22, 2018 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид