Дар муассисаҳои таълимии Хуҷанд гӯшаҳои махсуси омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил мешаванд

Январь 8, 2018 15:05

ДУШАНБЕ, 08.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018 дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд барои тарбияи зебоипарастӣ ва касбомӯзии хонандагон гӯшаҳои махсуси адрасбофию атласбофӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, дуредгарӣ, челонгарӣ, рӯзгордорӣ ва дигар намудҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда мешаванд.

Дар  ин бора зимни машварати васеи кории раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо роҳбарони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ, хусусӣ ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дастур дода шуд.

Дар машварат ҳамчунин аз санҷиши гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба вазъи татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” омодагии омӯзгорони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳр барои гузаронидани машғулиятҳои дарсӣ, давомоти хонандагон, ҳолати китобҳои дарсӣ ва рӯзномаю дафтарҳои кории  хонандагон натиҷагирӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки раванди тадриҷан беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии Тоҷикистон, махсусан сатҳи зиндагии кормандони маориф ва илм аз  сиёсати пайгиронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои судманд дар роҳи паст кардани  сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии  мардуми  ҷумҳурӣ   маҳсуб  мешавад.  Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҳар як корманди соҳаи маориф бояд баҳри пешбурди соҳа, тарбия намудани хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, дуруст ва самарабахш ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия кӯшиш ба  харҷ диҳад.

 

Январь 8, 2018 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад