Дар Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО Роғун» ҷаласаи ҷамъбастӣ баргузор гардид

Январь 11, 2018 14:11

ДУШАНБЕ, 11.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар  Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО Роғун» оид ба ҷамъбасти фаъолияти корӣ дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018 ҷаласа баргузор  шуд.

Барои иштирок дар кори ҷаласа роҳбарони ташкилотҳои пудратӣ, пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ, ки бо Мудирият ҳамкорӣ доранд, даъват шуда буданд.

Тавре аз Мудирият ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, директори Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО Роғун» Манучеҳр Ҷамилзода  оид ба масъалаи баррасишаванда маърӯза намуд.

Иштирокчиёни ҷаласа доир ба беҳтар намудани фаъолияти Мудирият, пудратчиён ва он сохторҳое, ки дар омода намудани минтақаи зериобшавандаи «НБО Роғун» иштирок доранд, фикру андешаҳояшонро иброз намуданд.

Дар кори ҷаласа инчунин намояндагони Бонки давлатии амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, роҳбарони ташкилотҳои пудратӣ иштирок намуда, пешниҳодҳо карданд, ки он аз тарафи роҳбарияти Мудирият хуб пазируфта шуд.

Баъд аз музокироту муҳокимарониҳои иштирокчиён директори  Мудирият Манучеҳр Ҷамилзода ҷаласаро ҷамъбаст намуда, нисбат ба иҷрои нақшаҳои истеҳсолии соли 2018 вазифаҳо гузошт.

Январь 11, 2018 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад