Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2018» ширкатҳои тавлидотии ватанию хориҷӣ молҳои худро ба намоиш мегузоранд

Январь 29, 2018 11:40

ДУШАНБЕ, 29.01.2018/АМИТ «Ховар»/. Аз 29 то 31 марти  соли равон дар шаҳри Душанбе  Намоишгоҳи  байналмилалии универсиалии «Тоҷикистон- 2018» баргузор мегардад, ки дар он дар радифи  корхонаю ширкатҳои  тавлидотии Тоҷикистон, инчунин ширкатҳои  истеҳсолӣ ва  сармоягузории кишварҳои хориҷӣ ширкат менамоянд.

Дар ин хусус ба намояндагони расонаҳои хабарӣ  раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид 29 январ дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Мавсуф аз фаъолияти Палатаи савдо ва  саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соли сипаригардида натиҷагирӣ намуда, зикр сохт, ки  Палатаи савдо  ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар ин давра бо мақсади рушди  иқтисодиёти миллӣ  бо  палатаҳои савдо ва доираҳои соҳибкорони кишварҳои хориҷӣ ҳамкориро тақвият дода,  беш аз 350 вохӯрӣ ва  21 форуми доираҳои соҳибкорӣ  баргузор намуд.

Ҳамзамон Палатаи савдо  бо мақсади  муаррифии  молу маҳсулоти ватанӣ  соли 2017  бо дастгирии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе ва минтақаҳои ҷумҳурӣ, инчунин дар  хориҷи мамлакат беш аз 30  намоишгоҳ ташкил намуд.  Баргузории  молҳои  истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Ӯзбекистон- шаҳри Тошканд шаҳодати ин гуфтаҳост. Дар ин намоишгоҳ 130 корхонаю ширкатҳои истеҳсолӣ ва 300 нафар соҳибкорони Тоҷикистон молу маҳсулоти тавлидотии худро ба намоиш гузоштанд.

Бо дахли баланд бардоштани савияи касбӣ ва  сатҳи дониши  кормандони бахши хусусии ҷумҳурӣ раиси  Палатаи савдо ва саноати  ҷумҳурӣ зикр кард, ки дар ин самт  семинару конфронс, тренинг ва хизматрасонии иттилоотӣ ташкил карда мешаванд.

Январь 29, 2018 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад