Дар сарҳади давлатӣ воридоти ғайриқонунии маводи пиротехникӣ пешгирӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 02.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии «Мурғоб»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти ғайриқонунии маводи таркандаи пиротехникиро пешгирӣ карданд.
Дар ин бора сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ба нақли номбурда, 28 декабри соли 2017, соати 19:40 хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии «Мурғоб» мошини тамғаи «Toyota Land Cruiser»-ро таҳти ронандагии Қушбай Мамбедқулов, миллаташ қирғиз, соли таваллудаш 08.08.1995, зодаи ноҳияи Мурғоб, истиқоматкунандаи деҳаи Сармуғули вилояти Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон боздошт карданд.
«Дар вақти азназаргузаронӣ аз дохили мошин 5 қуттӣ, ки дар дохили онҳо зиёда аз 600 кг маводи таркандаи пиротехникӣ мавҷуд буд, дарёфт карда шуд»,-илова намуд манбаъ.








ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






