Директори «Наимӣ» маблағи сохтмони бинои мактабро тасарруф намудааст
ДУШАНБЕ, 23.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти директори ҶДММ «Наимӣ» бо ҷурми тасарруфи молу мулки ғайр дар ҳаҷми махсусан калон хабар медиҳад.
Тавре Агентӣ иттилоъ медиҳад, Маҳмаднаим Наимов ҳангоми дар вазифаи директори ҶДММ «Наимӣ» кор карданаш дар иншооти сохтмони бинои мактаб барои 624 ҷой дар ду баст дар деҳаи Навдӣ, ҷамоати деҳоти Навдии ноҳияи Рашт дар давоми моҳи августи соли 2015 то моҳи сентябри соли 2017 дар 23 ҳолат дар санадҳои иҷрои корҳо ба изофанависӣ роҳ дода, беш аз 400 ҳазор сомониро (405770.12 сомонӣ) тасарруф намудааст.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба Маҳмаднаим Наимов бо моддаи 245 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






