Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи Вазири молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қурбониён А.К.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Қурбониён Абдусалом Карим бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
19 январи соли 2018
№: 991
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи Раиси Кумитаи
давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Қаҳҳорзода Ф.С.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
19 январи соли 2018
№: 992
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Қаҳҳорзода Ф.С.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
- Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
19 январи соли 2018
№: 993
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ
ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ҳамрализода Ф.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
19 январи соли 2018
№: 994
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи Директори Маркази миллии
қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Раҳимзода М.З.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Раҳимзода Маҳмад Забир бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
19 январи соли 2018
№: 995
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Директори Маркази миллии
қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Идиев Ф.Ф.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Идиев Файзалӣ Фузайлшоевич Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
19 январи соли 2018
№: 996
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи озод намудани судяҳо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Искандарзода Дилшод аз вазифаи судяи суди шаҳри Ҳисор,
Холмуродзода Парвиз Холмурод аз вазифаи судяи суди ноҳияи Рудакӣ
бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо озод карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
19 январи соли 2018
№997








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд






