ХАДАМОТИ АЛОҚА: муштариёни «Шабакаи насли оянда» ё NGN на 1 миллион, балки 34 ҳазорро ташкил медоданд

Январь 25, 2018 15:59

ДУШАНБЕ, 25.01.2018/АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   теъдоди муштариёни «Шабакаи насли оянда» ё NGN, ки моҳи декабри соли 2017  истифодаи он дар қаламрави ҷумҳурӣ боздошта шуд,  34 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ин нуктаро муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» зимни  нишасти матбуотӣ 25 январ таъкид кард. Бояд зикр намуд, ки қаблан расонаҳои мустақили мамлакат  истифобарандагони шабакаи NGN-ро 1 миллион  нафар муштарӣ арзёбӣ мекарданд.

Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ сабабҳои  боздошти истифодаи хизматрасонӣ аз шабакаи NGN-ро дар  риоя нашудани  якчанд талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ, аз ҷумла, ғайриимкон будани назорати зангҳо тавассути интернет, гузаштани зангҳо,  истифодашавии  рақамгузории маҳаллӣ барои зангҳои байналмилалӣ, пурра фароҳам наовардани шароит барои чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, риоя нашудани талаботи сифати алоқа, бе қайд ва шиноснома пайваст кардани муштариён ва пешгирии истифодаи хизматрасонӣ барои ҷалби ҷавонон ба   созмонҳои террористию экстремистӣ рабт дод.

Намояндаи масъули Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъкид кард, ки то бартараф кардани чунин камбудиҳо истифода аз хизматрасонии «Шабакаи насли  оянда» ё NGN  дар ҳудуди ҷумҳурӣ  қатъ карда мешавад.

 

 

Январь 25, 2018 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад