Хуршед Икромӣ: «Эссе сатҳи андешаронии довталабонро боло мебарад»

Январь 24, 2018 16:06

ДУШАНБЕ, 24.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2018 эссе (кори хаттӣ) аз фанни забони тоҷикӣ (давлатӣ) дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ ҷорӣ карда мешавад. Вобаста ба ин, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуда, дар ин замина фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба кори хаттӣ (эссе) дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз нав ба роҳ монда шуд. Ин нуктаро директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ имрӯз зимни баргузории нишасти матбуотии ин ниҳод дар ҳузури доираи васеи хабарнигорон баён намуд.

Ҳамчунин сардори шуъбаи таҳияи маводи имтиҳонии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Азимов илова намуд, ки «солҳои пешин  довталабон дар ҳаҷми 5–6 саҳифа иншо менавиштанд, ки тафтиши онҳо душвориҳоро ба миён меовард. Аз ин хотир тасмим гирифтем, ки баҳри рафъи ин душворӣ ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи тестӣ кори хаттӣ ё ин ки эссеро ҷорӣ кунем».

Ба гуфтаи мавсуф, ҳадаф аз ҷорӣ кардани кори хаттӣ ба имтиҳонҳои дохилшавӣ ин аст, ки хонанда андешаашро бо забони адабии тоҷикӣ ва беғалат баён карда тавонад. Аз такрори зиёди маънӣ, дароз кардани сухан (пургӯӣ, суханбозиҳои беҳуда) ва овардани далелҳое, ки ба мавзӯъ мувофиқ нестанд, худдорӣ намояд.

Довталаб ё хонанда эссеро бояд дар ҳаҷми ду саҳифаи варақаи андозааш А4 нависад. Яъне доир ба мавзӯи пешниҳодшуда фикрашро мухтасар, вале бо далел ва дуруст баён намояд.

 

 

 

Январь 24, 2018 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд