КВД «Тоҷиксуғурта»: суғурта намудани манзил ихтиёрист ва касе ҳаққи маҷбур кардан надорад

Январь 23, 2018 11:43

ДУШАНБЕ, 23.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба КВД «Тоҷиксуғурта» соли 2017 дар хусуси он ки гӯё кормандони ин корхона шаҳрвандонро барои суғурта кардани манзилҳои истиқоматияшон маҷбур намуда бошанд, ягон муроҷиати шаҳрвандон ворид нашудааст. Ин дар ҳолест, ки суғурта кардани  манзил ихтиёристу касе ҳаққи маҷбур кардан надорад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод муовини аввали директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» Абдулло Абдуллоев баён дошт.

«Мо дар ҷумҳурӣ 72 филиал ва 1200 нафар корманд дорем ва вақти ба кор қабул кардани кормандон онҳоро бо намудҳои суғурта ошно месозем»,-гуфт А. Абдуллоев,

Ҳамчунин зимни нишаст зикр карда шуд, ки соли 2017 «Тоҷиксуғурта» бо 766 ҳазору 183 шахсони воқеию ҳуқуқӣ шартномаи суғуртавӣ бастааст, ки аз онҳо  72 ҳазору 328 адад шартномаи намудҳои ҳатмии суғурта ва 693 ҳазору 855 адад шартномаи намудҳои ихтиёрии суғурта мебошанд.

Мувофиқи маълумот, соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи намудҳои суғурта ба ҷои 27 миллиону 785 ҳазор сомонӣ 30 миллиону 121 ҳазор сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ворид гардид.

Инчунин зикр карда шуд, ки соли 2017 корхона ба 8 ҳазору 742 нафар шахсони молу амволашон зарардида ва шаҳрвандони ба ҳаёту саломатиашон осебрасида ба маблағи 7 миллиону 936 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар расонид, ки аз ин 2 миллиону 580 ҳазор сомонӣ аз намудҳои ҳатмии суғурта ва 5 миллиону 356 ҳазор сомонӣ аз намудҳои ихтиёрии суғурта мебошад.

 

 

 

Январь 23, 2018 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад