МАРҲАМАТ БА ҶАШНГОҲ! Имрӯз дар «Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Душанбе ҷашни Сада таҷлил мешавад
ДУШАНБЕ, 30.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 30 январ дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷашни Сада таҷлил карда мешавад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иди қадимии тоҷикон бо мақсади амалӣ намудани пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифта мешавад.
Дар доираи ҷашн дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Дӯстии халқҳо» барномаҳои фарҳангӣ доир гардида, ҳамчунин ниҳолҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз, гулбуттаҳо ва асбобу олоти кишоварзӣ ба фурӯш бароварда мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро ба ҷашнгоҳ даъват менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






