Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков

Январь 13, 2018 10:00

ДУШАНБЕ, 13.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду давлат мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Ҳамин тавр, дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Сооронбой Шарипович,

Табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти ин ҷонибро ба муносибати санаи муборак — ҷашни 25-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон қабул фармоед.

Муносиботи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо Қирғизистон, ки решаҳои чандинасраи таърихӣ доранд, ҳамеша яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон буд ва боқӣ мемонад.

Тайи давраи сипаришуда ҷонибҳо бо саъю талошҳои муштарак ҷиҳати густариши ҳамдастиашон дар ҳама самтҳои калидии ҳамкорӣ натиҷаҳои хуб ба даст оварданд. Ин омил имкон дод, ки заминаи ҷиддии таъмиқи муносибатҳои шарикии судманди Тоҷикистон ва Қирғизистон фароҳам оварда шавад.

Итминон дорам, ки сафари расмии қарибулвуқӯи Шумо ба Тоҷикистон ба ҳамкории гуногунҷанбаи ду давлат такони тоза бахшида, сатҳи онҳоро мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони мо ба зинаҳои нави баландтар хоҳад бурд.

Ба Шумо, муҳтарам Сооронбой Шарипович, тансиҳатии комил, саодатмандӣ ва ба манзури шукуфоии Қирғизистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои муайяншудаатон комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти он сулҳу амонӣ ва рафоҳат орзумандам».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Табрикоти самимии ин ҷонибро ба муносибати  таҷлили 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Тайи чоряк асре, ки аз истиқрори робитаҳои дипломатӣ сипарӣ шудааст, ҳамкории Қирғизистон ва Тоҷикистон дар асоси усули эҳтироми мутақобила,  ҳамҷавории нек, риштаҳои таърихан ташаккулёфтаи дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум байни мардумони мо таҳким ва густариш ёфтаанд.

Миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон муносиботи пойдор роҳандозӣ гардида, таҷрибаи назарраси ҳамдастӣ дар самтҳои мухталиф андӯхта шудааст. Мо ҳамчунин дар чорчӯби ИДМ, СММ, СҲШ, СААД ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамкории фаъол дорем.

Изҳори итминон менамоям, ки таҷрибаи хуби ҳамкории дуҷонибаи мо бар манфиати мардумони давлатҳои мо ва ба хотири таҳкими суботу амният дар минтақа ба рушди минбаъдаи муносибатҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиҳатмандии комилу комёбиҳо дар фаъолияти давлатиатон ва ба мардуми бародари Тоҷикистон рифоҳ ва сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Январь 13, 2018 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо 100 кас аз ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фаннию байналмилалӣ ва ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои баландошёнаи истиқоматии хайриявии Эҳсонро бо маркази савдо ва хизматрасонӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар ҶДММ «Шифобахши Аср»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 7 муассисаи соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаҳои бунёди 4 муассисаи соҳаи маориф ва 1 иншооти соҳаи варзиш шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва маркази инкишофи кӯдакро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ ба фаъолияти Корхонаи макарони «Руми Паста» оғоз бахшиданд