Мулоқотҳои судманди Сафири Тоҷикистон дар Олмон
ДУШАНБЕ, 20.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 18-уми январи соли ҷорӣ дар бинои Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон мулоқоти Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо сардори Раёсати кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои шарқии Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон ҷаноби Михаэл Зиберт баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷабҳаи дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон мавриди баррасӣ қарор гирифта, табодули назари судманд роҷеъ ба самтхои афзалиятноки ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар давраи минбаъда сурат гирифт.
Сафири Тоҷикистон ба ҷониби Олмон даъватномаи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба унвонии Ҳукумати Олмон ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Даҳсолаи об барои рушди устувор 2018-2028”, ки моҳи июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидааст, супурд.
Инчунин, 19-уми январи соли ҷорӣ дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо директори департаменти минтақавии Осиёи Марказии Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Эдуард Кинсбрунер дидору мулоқот намуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратии дуҷонибаи Тоҷикистону Олмонро мавриди баррасӣ қарор дода, барои рушду тавсеаи ин ҳамкориҳо дар соли 2018 табодули афкор намуданд.
Ҷониби Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон омодагӣ изҳор намуд, ки дар якҷоягӣ бо Сафорати Тоҷикистон ҷиҳати ташвиқу тарғиби имкониятҳои иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон дар доираҳои иқтисодии Олмон мусоидат хоҳад кард.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






