Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми Гайдар иштирок намуд

Январь 19, 2018 16:11

ДУШАНБЕ, 19.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Россия- шаҳри Москва ҳамоиши байналмилалии Гайдар дар мавзӯи  «Россия ва ҷаҳон: ҳадафҳо ва арзишҳо» доир гардид. Дар ҳамоиш аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишкадаи  идоракунии  давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абулхолиқзода  иштирок  намуда, сухан гуфт.

Бояд тазаккур дод, ки Форум бо ибтикори Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия доир гардид. Л.Абдулхолиқзода дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии  муассисаи заминавии  давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ оид ба омодасозии  кадрҳо дар самти  идоракунии давлатӣ, ки дар   доираи Форум доир гардид, аз таҷрибаи Тоҷикистон гузориш дод.

Мавсуф пешниҳод намуд, ки масъалаҳои анҷоми тадқиқоти илмӣ, гузаронидани конфронсҳои муштараки илмӣ-амалӣ ва ташкили амалисозии барномаҳои магистрӣ ва омодасозии аспирантҳо дар доираи ҳамкорӣ ба роҳ монда шаванд.

Ҳамзамон Л. Абдухолиқзода  дар кори  ҷаласаҳои Форум иштирок намуда, доир ба масъалаҳои муҳими рушди бахши хизмати давлатӣ ва идораи давлатӣ дар Тоҷикистон  маълумот дод. Дар Форуми Гайдар Лутфия Абулхолиқзода зимни мулоқот бо роҳбарияти Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия Владимир Мау  масъалаҳои марбут ба  таҳсили магистрантҳо ва аспирантҳои тоҷик, сифати тайёр намудани мутахассисони бахши хизмати давлатии муосир ва усулҳои навини омодакунии кадрҳои роҳбарикунандаи миллиро матраҳ намуд.

Январь 19, 2018 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст