ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон боридани барфу борон дар назар аст

Январь 29, 2018 08:41

ДУШАНБЕ, 29.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз сокинони мамлакатро ҳавои ноустувор, пастшавии ҳарорат, боридани барфу борон ва дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши бод дар назар аст.

Имрӯз, 29 январ дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, боридани барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 4-9 ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 7-12 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, боридани борону барф пешбинӣ карда мешавад. Дар ғарби вилоят ҳарорат шабона 4-9 ва рӯзона 2-3 дараҷа сард хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 17-22 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, барф меборад.  Шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ҷойҳо то 18-23 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда буда, боридани барф пешгӯӣ карда мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар пойтахт ҳаво абрнок шуда, боридани барф дар назар дошта шудааст. Ҳарорат шабона 6-8 ва рӯзона 0-2 дараҷа сард хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки қаблан Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ дар робита ба ноустувор ва паст шудани ҳарорати боду ҳавои кишвар сокинонро огоҳ карда буд.

Январь 29, 2018 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа