Паёми Пешвои миллат-барномаи танзими фаъолият

Январь 11, 2018 14:49

ДУШАНБЕ, 11.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди соҳаи энергетика диққати калон дода шуда, дастуру ҳидоятҳои  дар он зикрёфта ҳамеша чун барномаи муҳими танзими фаъолият ва ноил шудан ба дастовардҳои нав  дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ арзёбӣ мешаванд. Дар робита ба ин мавзӯъ раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи  «Барқи Тоҷик» Мирзо ИСМОИЛЗОДА чунин изҳори назар намуд:

Аз Паём то Паём як зинаи фаъолияти мо-энергетикҳо низ ҷамъбаст гардида, марҳилаи нави татбиқи нақшаву лоиҳаҳо оғоз меёбад. Дар Паёми нави Пешвои миллат низ ба рушду нумуи соҳаи энергетика-чун воситаи асосии пешбурди иқтисодиёт диққати ҷиддӣ дода шудааст. Як афзалияти муҳими мо дар он аст, ки дар Тоҷикистон асосан аз манбаъҳои барқароршаванда барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол  мегардад.

Вобаста ба ин, дар Паём зикр шудааст: «Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз давлатҳои татбиқкунандаи «иқтисодиёти сабз» маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 фоизи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад».

Амалан бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам омад, ки дар кишвари мо дар  солҳои истиқлолияти давлатӣ як зумра  иншооти муҳим ва хеле зарурӣ ба истифода дода шаванд.  Пурра ба истифода додани  Неругоҳи барқи  обии «Сангтӯда — 1» ва «Сангтӯда — 2», Маркази дуйуми барқу гармидиҳии Душанбе, хатҳои интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол»,  «Лолазор-Хатлон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Сангтӯда — Лолазор», «Сангтӯда – НБО-и Сарбанд», «Қайроққум-Ашт» таҷдид ва иваз намудани зеристгоҳҳо ба зеристгоҳҳои пурқудрат, таҷдид ва барқарорсозии неругоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ, ки дар панҷ-даҳ соли охир амалӣ гардиданд,  ҳам соҳаро побарҷо нигоҳ дошт ва ҳам иқтидору эътимоднокии таъминоти энергияи барқро дар ҷумҳурӣ  хеле беҳтар намуданд. Ин раванд бомуваффақият идома дорад.

Дар Паёми имсола низ зикр гардидааст: «Дар баробари бунёди иншооти нави тавлиди неруи барқи обӣ имрӯз зарурати таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда пеш омадааст, ки сармоягузории зиёдро тақозо менамояд. Лоиҳаи таҷдиди неругоҳи барқи обии «Норак» дар ду марҳала бо ҷалби 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, марҳалаи якуми он оғоз ёфт.

Дар самти татбиқи лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ корҳо оғоз ёфта, агрегати якуми он соли 2018 ба кор андохта мешавад. Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» яке аз куҳантарин неругоҳҳо буда, аз соли 1957 мавриди истифода қарор дорад. Барои таҷдиди ин неругоҳ 600 миллион сомонӣ ҷалб гардида, корҳо тибқи лоиҳа соли оянда оғоз мешаванд. Дар маҷмӯъ, барои таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда беш аз 8 миллиард сомонӣ равона мегардад».

Ҳамаи мо дар хотир дорем, ки бегоҳии 13 январи соли 2017  Муроҷиатномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба мардуми мамлакат, ки дар тамоми шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ  пахш гардид,  аз як дастоварди хеле муҳим хабари хуш дод.

Дар Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз ҷумла, зикр шуда буд: «Бо мақсади беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, таъмини фаъолияти самараноки корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз пагоҳ, 14 январи соли 2017 сар карда, маҳдудияти барқ пурра бардошта мешавад, яъне аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар тамоми қаламрави мамлакат бисту чор соат бо барқ таъмин карда мешаванд…»

Ин, бешубҳа, дастоварди беназир аст. Дар замони соҳибистиқлолӣ ва хусусан солҳои охир яке аз мушкилоти асосии мардуми Тоҷикистон норасоии неруи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон буд, ки маҳдудияти интиқоли неруи барқ баъзе солҳо аз моҳи сентябр то моҳҳои март ва ҳатто апрел идома пайдо мекард. Имкони пурра бо барқ таъмин намудани шаҳрҳои саноатӣ, ҳатто   пойтахти мамлакат мавҷуд набуд. Бо таъмини бемаҳдудияти барқ душвориҳои мардуми мо осон гардид.

Вобаста ба ин, дар Паёми имсола омадааст: «Бо роҳандозӣ гардидани тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар ин самт мо тавонистем, ки аввалин бор дар замони соҳибистиқлолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон аҳолии мамлакат ва соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиро бо неруи барқ бе маҳдудият таъмин намоем».

Бо вуҷуди ин, дар соҳаи энергетикаи тоҷик мушкилот ҳанӯз хеле зиёданд. Таъмини ҷамъоварии пурраи ҳаққи барқи истифодашуда, ба дараҷаи минималӣ кам намудани талафоти техникии неруи барқ, пурра ба ҳисоб гирифтани ҳаҷми барқи фоиданок бояд дар мадди назари мо бошад. Дар роҳи ислоҳи ин камбудиҳо бояд ҳар истеъмолкунандаи барқ ба мо кумаку ҳамкорӣ намояд. Вобаста ба ин, дар Паём омадааст: «Дар баробари ин, истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти неруи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла, тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд. Дар ин сурат мо метавонем дар се соли оянда ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардем».

Мо, кормандони соҳаи энергетикаи Тоҷикистон, пурра бовар дорем, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳадафи аслии  он пешрафти давлат ва саодати ҳамдиёрони мост, албатта, чун маҷмӯаи дастурҳои рӯҳбахш дар амал татбиқ мегардад ва дар баробари дигар дастовардҳо истиқлолияти энергетикиро амалӣ мегардонад.

Кормандони ШСХК «Барқи Тоҷик» дар ҷаласаи васеъ роҳҳои дар амал татбиқ намудани Паёмро баррасӣ намуда, дар ин замина нақшаи чорабиниҳо таҳия намудаанд. Аз Паёми имсола мо, энергетикҳо соҳиби маҷмӯи дастурҳову раҳнамои нав гардидем ва бо татбиқи он барои  таъмини зиндагии шоистаи мардуми ҷумҳуриамон фаъолият менамоем.

 

Мирзо ИСМОИЛЗОДА,
раиси ШСХК «Барқи Тоҷик»

Январь 11, 2018 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«30 СОЛИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА ВА ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ». Дар шаҳри Норак ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат 5390 кг маҳсулоти пастсифат ва хатарнок нобуд карда шуд
Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Бохтар конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Корея дар самти омӯзиши канданиҳои фоиданок ҳамкорӣ менамоянд
Интернети 4G ба муштариёни «МегаФон Тоҷикистон» бештар дастрас мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 декабр, панҷшанбе, 347-умин рӯзи соли 2024 аст
Дар ташкилоти ибтидоии «Заминсоз» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ конференсия доир шуд
21 декабр Анҷумани XIII навбатии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон доир мешавад
Оид ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдату якпорчагии миллат ҳамоиши илмӣ доир шуд