Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат!

Январь 15, 2018 10:01

ДУШАНБЕ, 15.01.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯзҳо дар   шаҳру деҳоти Истаравшан мулоқоту суҳбатҳои гурӯҳи кории таблиғотӣ бо аҳолӣ  баргузор гардида истодаанд. Ҳадафи онҳо шарҳи моҳият ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Роҳбари гурӯҳи таблиғотӣ  ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Нуралӣ Солеҳов иброз намуд, ки дар Паём  омадааст, ки «дар буҷети давлатӣ вазифаҳои иҷтимоии он ба инобат гирифта шуда, Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум пайваста чораҷӯӣ менамояд. Дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаҳои маориф аз буҷети давлатӣ 2,3 баробар ва тандурустӣ 2,1 баробар зиёд шуда, соли 2017 нисбат ба соли 2016 мутаносибан 16 фоиз ва 25 фоиз афзоиш ёфтааст». Дар ин замина сатҳу сифати таълим бояд дар мактабҳо баланд бардошта шавад ва дар мактабҳои миёнаи умумӣ озмоишгоҳҳои фаннӣ бояд амал намоянд, то фанҳои дақиқ бо назария ва амалия чуқур омӯзонида шаванд. Бояд ҷавонон якчанд забони хориҷиро омӯзанд, то мутахассисони хуби соҳаҳои мухталиф гарданд.

Тавре Пешвои  миллат дар Паёмашон таъкид намуданд: «Мо бояд ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, ба заминаҳои моддиву  техникии муассисаҳои таълимӣ таҳким бахшем ва самаранокии фаъолияти онҳоро таъмин намоем. Барои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли наврас таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем».

Дар мулоқот зикр шуд, ки дар Паём сиёсати хориҷии давлат дар мадди аввал гузошта шуда, зикр гардидааст, ки «cиёсати «дарҳои кушода» чун меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод. Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурдаи ҷумҳурӣ дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Мо ин сиёсатро идома медиҳем ва дар ҷодаи таҳкими ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон минбаъд низ тадбирҳои зарурӣ меандешем».

Паёми Пешвои миллат раҳнамои ҳаёти босаодат буда, барои зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст. Мардуми сарбаланду некноми Истаравшани бостонӣ ин Паёми раҳнаморо ҳаматарафа омӯхта, сармашқи кори хеш намуда, баҳри амалӣ гардидани он кӯшиш менамоянд.

 

Нигора ҲАЙДАРЗОДА,

муовини раиси шаҳри Истаравшан

Январь 15, 2018 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид