РӮЗИ МЕЛОДИ ОТАШ МУБОРАК! Тоҷикистон бори аввал ин ҷашни бостониро дар сатҳи давлатӣ ҷашн мегирад. Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2018 16:59

ДУШАНБЕ, 30.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Тоҷикистон Мелоди оташро дар сатҳи давлатӣ ҷашн мегирад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ Иди Садаро маҳз чунин («Мелоди оташ») ном гирифтанд. Ва ҳақ ба ҷониби гуфтаҳои Пешвои миллат аст. Зеро ин ифодаи амиқтарини ин анъанаи бостонии мардуми мост, ки аз қаъри асрҳо ба мо омада расидааст. Дар ин бора хабарнигорони АМИТ «Ховар» Саид АЛӢ ва Мақсудҷон МУҲИДДИНҶОН менависанд.

Имрӯз, 30 январ дар муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Душанбе чорабиниҳои асосӣ ба муносибати ҷашни Сада баргузор гардиданд. Дар  онҳо Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода, Президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ ва дигарон иштирок намуданд.

30 январи соли 2018. Душанбе, боғи «Дӯстии халқҳо». Ҷашни Сада

Дар доираи ин ҷашн чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардида, ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз, гулҳо, таҷҳизоти кишоварзӣ ва ғайраҳо ба фурӯш гузошта шуданд.

Меҳмонон зикр намуданд, ки Сада мисли Наврӯз ва Меҳргон ҷашни миллии бостонии мардуми ориёинажод аст. Дар замони қадим ин ҷашнҳо бо шодиву сурур ва рақсу бозӣ дар гирди оташ ва инчунин бо дастархони пурнозу неъмат таҷлил карда мешуданд. Ҷашни Сада  ба таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ мусоидат мекунад.

Пеш аз ин, дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимону мутахассисон ва рӯзноманигорон дар мавзӯи «Эҳёи ҷашни Сада ва аҳамияти таҷлили он» суҳбат баргузор гардид.

«Ниёгони мо чунин тасаввур мекарданд, ки оташ як порае аз офтоб аст, зеро он ба одамон ҳам нур ва ҳам гармӣ медиҳад. Бинобар ин, ҷашни Садаро ҷашни оташ низ меноманд. Ҷашни Сада барои эҳтиром гузоштан ба Хуршед чун манбаи ҳаёт дар замин асос гузошт. Агар хуршед бо нурҳои дурахшон ва рӯшноии худ ба одамон гармӣ диҳад, он гоҳ оташ дили онҳоро мунаввар карда, барои идомаи ҳаёт замина мегузорад», — зикр намуд муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимов.

Роҷеъ ба он ки  Сада воқеан ҳам ҷашни Оташ аст, дар шабакаи интернет маводҳои зиёде дарёфтан мумкин аст. Ин сарчашмаҳо шаҳодат аз он медиҳанд, ки ҷашни Сада анъанаи бостонии мардуми мо мебошад. Он 30 январ, 50 рӯз пеш аз Наврӯз (Соли Наве, ки ба 21 март рост меояд) ҷашн гирифта мешавад. Азбаски номи ин ҷашн  рақами «100»-ро  ифода мекунад, бинобар ин, эҳтимолан он гузаштани 100 шабонарӯзро аз анҷоми сол маънидод менамояд.

Сада барои мардуми тоҷику форс ҷашни муҳим ва пуршукӯҳ   ба ҳисоб меравад. Ин ҷашни «миёнаи зимистон» аст, ки онро ниёгонамон – ориёиёни бостон бо шукӯҳу шаҳомати бузург таҷлил мекарданд. Ҷашни мазкур барои эҳтиром гузоштан ба оташ ва ҳифзи одамон аз  зулмот – хунукию сармо  пайдо шудааст.

30 январ ҳама дар кӯчаҳо ҷамъ шуда, гулхан меафрӯзанд, шодиву сурур карда, намоишҳои фарҳангию театрикунонидашуда баргузор менамоянд.

Имрӯз Сада дар тамоми қаламрави Тоҷикистон, инчунин дар Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва он ҷое, ки тоҷикону форсҳо зиндагӣ мекунанд, ҷашн гирифта мешавад.

Дар бораи ин ҷашн адабиёти  зиёд мавҷуд аст. Баъзе ё худ маъруфтарини онҳоро номбар кардан кифоя аст: «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Найрангистон»-и Содиқ Ҳидоят, «Таърихи Масъуд»-и Абулфазл Байҳақӣ, «Таърихи Бухоро»-и Муҳаммад Наршахӣ, «Иди ҷашни Сада дар эҷодиёти тоҷик»-и Евгений  Эдуардович Бертелс, («Меҳнатҳои Академияи илмҳои ИҶШТ», ҷ. XVII, соли 1953, саҳ. 33-42); «Ҷашни Сада» (маҷмуаи «Анҷумани Эроншиносӣ», №4, Теҳрон, соли 1945); «Аз таърихи…»-и Иосиф Самуилович Брагинский (саҳ. 95-96); Franc iszek Machalski, Iadwiga Wachal, «Sadeh…» (саҳ. 64); «Эҷодиёти Абубакр Муҳаммади Наршахӣ…»-и Н. А. Кисляков  (саҳ. 64); М.Р.Раҳимов, «Нишонаҳои ақоиди динии аҳди бостон» (саҳ. 74); «Очеркҳо дар бораи таърихи Қаротегин»-и Н. А. Кисляков (Душанбе, соли 1954, саҳ. 41); «Маводҳо дар бораи этнография ва эътиқодҳои бостонии мардуми тоҷикзабони Бадахшони советӣ»-и А. 3. Розенфелд («Этнографияи советӣ», соли 1971, №3, саҳ. 114-117); «Баъзе аз эътиқодҳо ва ҷашнҳои эронӣ дар тасвирҳои саёҳатчиёни Аврупои Ғарбӣ дар асри XVII»; «Ҷашни Сада» (маҷмуаи «Анҷумани Эроншиносӣ», №4, Теҳрон, 1945).

Акнун баъзе аз маълумотеро, ки дар ин асарҳо дарҷ гардидаанд, ба таваҷҷуҳатон мерасонем.

Ҷашни Сада, ин пеш аз ҳама, ҷашни оташ мебошад. Он бо ҳикояву ривоятҳои зиёд ташаккул ёфтааст. Ба ин ҷашн ривояте аз «Шоҳнома»-и Фирдавсиро рабт медиҳанд, ки гӯё шоҳи сулолаи пешдодиёни бостон Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро ба море дучор меояд. Ӯ сӯйи мор санг меандозад. Санг бар санги дигар бархӯрда,  шарора ба вуҷуд меояд ва дар натиҷа  хазони зери по оташ мегирад. Ҳушанг амр медиҳад, ки ба муносибати ин оташ ҷашн ташкил карда шавад.

Аз рӯи ривоятҳои мардумӣ, номи ҷашни Сада аз калимаи тоҷикию форсии «сад» (адади 100) бар меояд.   Аз рӯи ҳисоби мардуми Эрони бостон, сол ба ду қисми нобаробар тақсим мешуд: яке – «тобистони бузург», ки фасли баҳор, тобистон ва қисмати тирамоҳ, тамоми фасли гармои сол, шурӯъ аз Наврӯз, аз санаи аввали моҳи фарвардин то охири моҳи ҳафтуми соли меҳрро фаро мегирифт ва 210 шабонарӯз (7 моҳи 30 рӯза) давом мекард ва дигаре «зимистони бузург», ки аз обони 1 сар карда, то охири сол (бо шумули 5 ё 6 рӯзи иловагӣ) давом мекард. Ин ду давраи нобаробар инчунин «чахра» ё «бахш» номида мешуданд. Азбаски аз рӯи солшумории Эрони бостон ҷашни Сада ба даҳумин рӯзи моҳи баҳман рост меомад, аз оғози «зимистони бузург» то он расо 100 рӯз (моҳҳои обон, озар, дай ва даҳ рӯзи баҳман) мемонд. Ин ифодаи мардумӣ то имрӯз миёни зардуштиёни шаҳри Кирмон нигоҳ дошта шудааст, ки ҳангоми таҷлили ин ҷашн   гулхан афрӯхта, атрофи он  ҷамъ меомаданд ва чунин тарона мехонанд:

«Сади саде, сӣ бе гале,

Панҷоҳ ба Наврӯз, ҳо, бале».

Дар маҷмӯъ, ҷашни Сада бо аланга додани оташҳои калон алоқаманд аст. Шаби 10 ба 11 баҳман ҳама, бо назардошти имконоти хеш, ҳезум ҷамъ оварда, хирмани бузург ва баланд месохтанд, пас онро оташ мезаданд ва он аз хеле дурҳо низ баръало намоён мешуд. Хирманҳои аз ҳезум сохта дар даштҳо ё кӯҳҳо оташ зада мешуданд.

Таҷлили Садаро дар аҳди Масъуди Ғазнавӣ (1030—1041) таърихнигор Байҳақӣ (св. 1077—1078) чунин нигоштааст: «Ва рӯзи чаҳоршанбе ҳафтдаҳуми (моҳи) сафар пас аз бор хилвате кард, амир бо вазир ва соҳибдевонони рисолат ва авлиё ва ҳашам ва Хоҷа Ҳусайни Микоил низ он ҷо буд ва рой заданд дар маънии ҳаракат ва қарор гирифт бад — он, ки сӯи Марв рафта ояд ва бар ин боз пароганданд. Ва Хоҷа Ҳусайни Вакил шуғл бисохт ва бистуми ин моҳ сӯи Марв бирафт, то мисол диҳад улуфот ба тамомӣ сохтан чунон ки ҳеҷ бенавое набошад, чун раияти Мансур он ҷо расад. Ва, пас аз рафтани ӯ то се рӯз амир фармуд, то сарои парда бар роҳи Марв бизаданд бар се фарсангии лашкаргоҳ. Ва, Сада наздик буд, уштурони султониро ва аз он ҳамаи лашкар ба саҳро бурданд ва газ кашидан гирифтанд, то Сада карда ояд ва пас аз он ҳаракат карда ояд. Ва газ меоварданд ва дар саҳрое, ки ҷӯйи оби бузург буд, бар он шараф (баландӣ, муртафеъ) меафганданд, то ба болои қалъате баромад. Ва чаҳортоқҳо бисохтанд аз чӯби сахт баланд ва онро ба газ биёганданд. Ва гази дигар, ки сахт бисёр буд, болои кӯҳе баромад бузург. Ва аллаи (уқоби) бисёр ва кабӯтар ва он чӣ расм аст аз дороти ин шаб ба даст карданд. Ва Сада фароз омад, нахуст шаб амир бар он лаби ҷӯйи об, ки шароъйе зада буданд, биншаст ва надимон ва мутрибон биёмаданд ва оташ ба ҳезум заданд – ва пас аз он шунидам, ки қариби даҳ фарсанг фурӯғи он оташ бидида буданд – ва кабӯтарони нафтандуд бигзоштанд ва дадгон ба қорондуд ва оташ зада, давидан гирифтанд ва чунон Садае буд, ки дигар он чунон надидам ва он ба хуррамӣ ба поён омад».

Дар Бухорои асримиёнагӣ низ таҷлили ҷашни садаро таҷриба кардаанд, ба навиштаи Наршахӣ ҳатто ҳангоми як ҷашни Сада аз афрӯхтани оташи баланд чуқи он ба боми қаср мерасад ва он оташ мегирад.

Шояд баъдтар (дар аҳди салчуқиён ва муғулон) расман ҷашн гирифтани Сада таҷриба нашудааст, вале он дар миёни зардуштиён маҳбубият дошт. Дар боло аллакай оид ба таҷлили Сада миёни зардуштиёни шаҳри Кирмон то рӯзгори мо гуфта шуд. Ба гуфтаи Содиқ Ҳидоят, дар Кирмон панҷоҳ рӯз пеш аз Наврӯз хирвори бутта ва ҳезумро дар маҳали Боғчабудоғобод гирд меоварданд. Дар ин ҳамоиш мубади мубадон, аъёни шаҳр ва ҳатто меҳмонони хориҷӣ даъват мешуданд. Дар хони ин маҳфил шароб, ширинӣ ва меваҳо чида мешуд. Дар аввали ғуруби офтоб ду нафар мубад оташро меафрӯзад ва суруди махсус мехонд.

Ба гуфтаи С. Ҳидоят ва М. Авранг, дар ин рӯз ё шаб чунин амалҳои муъҷизакорона: гулхан афрӯхтан дар кӯчаҳо, дар ҳавлиҳо ё болои бомҳо ва аз болои он мепариданду чунин мегуфтанд: «сурхии ту аз ман, зардии ман аз ту». Баъзан аз чашми бад матоъҳои кабуд сӯзонда мешуд. Хокистари аз оташ боқимондаро яке аз соҳибхона ҷамъ карда, ба ҷойи махсуси муайяншуда ё канори роҳ мебурд; вақте хокистари марбутаро ба хона меоранд, мепурсанд: «Кӣ аст?» ва он ҷавоб медиҳад: «Ман». – «Аз куҷо омадӣ» — «Аз тӯй». – «Чӣ овардӣ» — «Саломатӣ». Пеш аз он, ки оташ меафрӯзанд, коҳинони зардуштӣ ё мубадон аз китоби муқаддаси Авасто шеърҳо мехонанд. Дар ин ҳолат, мубадон одатан либосҳои сафед, ки рамзи покию покизагист, мепӯшанд.

P.S.  Фоли нек аст, ки дар ин рӯз бори аввал дар Тоҷикистон ва ҳам дар Афғонистону Эрон имсол барфи зиёд борид. Ин басо рамзист: Сада оташро ҷалол медиҳад ва маънои пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот ва хунукиро дорад. Ба ибораи дигар, пирӯзии нур ва гармӣ идома дорад. ИД МУБОРАК!

Январь 30, 2018 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Ҷумҳурии Арабии Миср дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги пурғановати тоҷикон шинос гардид
Дастаи футболбозони Донишгоҳи давлатии Бохтар ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол гардид
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок доранд
Дар бозорҳои шаҳри Хоруғ бо мақсади пешгирӣ аз сӯхтор санҷиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар машғулияти такмили ихтисос барои муҳандисони заминсоз ҷамъбаст шуд
Дар Панҷакент ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар Муъминобод бахшида ба 100-солагии Соҳиб Табаров конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятӣ баргузор гардид
Шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» бо аккумуляторҳои пуриқтидор муҷаҳҳаз мегардад