Рассоми навраси тоҷик дар озмуни Чехия соҳиби ҷоиза гардид

Январь 19, 2018 14:52

ДУШАНБЕ, 19.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Як тасвири рассоми навраси тоҷик Нигина Азимова ба Намоишгоҳи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Чехия роҳ ёфта, соҳиби ҷоиза гардид.

Тавре директори мактаби бачагонаи рассомии шаҳри Хуҷанд Рауф Раҳматов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, маросими ҷоизасупорӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Ба иттилои манбаъ, ба озмуни мазкур, ки дар мавзӯи саёҳат ва ҷаҳонгардӣ буд, беш аз 25 ҳазор расм ворид гардидаанд. Бачаҳои тоҷик ба ин озмун 11 асар пешниҳод карданд, ки аз миёни онҳо ҳайати ҳакамон расми Нигина Азимоваро пазируфт.

Расми Нигина Азимова дар саҳифаи ин намоишгоҳ дар шабакаи ҷаҳонӣ дастрас аст. Нигина ба Ҷумҳурии Чехия сафар накардааст ва бо ин кишвар аз интернету телевизион ошност.

Бояд гуфт, ки расми тасвиркардаи Нигина Азимова ороишӣ буда, рассом дар он як қасрро тасвир кардааст. Дар канор чеҳраи духтарак, дар фазо ду шабпаракро дар ҳоли болу пар задан инъикос намудааст.  Инчунин як манораи қалъаи шаҳри Хуҷанд ва пораҳои атласу адрасро низ ба қалами тасвир кашидааст. Тасвири Нигина аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Тоҷикистон макони сулҳу дӯстист ва дорои таърихи қадимию ҳунарҳои мардумист.

Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи Намоишгоҳи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Чехия гардидани Нигина туҳфаи хубест.

Бояд гуфт, ки Нигина Азимова 17 сол дошта, дар мактаби рақами 19 шаҳри Хуҷанд таҳсил мекунад. Ӯ ҳамзамон тӯли чор сол ҳунари расмкаширо дар Мактаби бачагонаи рассомии маркази вилояти Суғд аз худ кардааст.

 

 

 

Январь 19, 2018 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад