«РАВШАНӢ БАР ОСМОН З-ИН ОТАШИ ҶАШНИ САДА». Басо рамзист, ки бо омадани ин ҷашни зебо роҳи мо то Наврӯзу Меҳргони дигар нурборон хоҳад буд

Январь 30, 2018 08:36

ДУШАНБЕ, 30.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Миллати тамаддунофар ва некманиши тоҷик ҷашну маросим ва ойину суннатҳои маъруф ва оламшумули  зиёде дорад. Фаровонии теъдоди ҷашну маросимҳои миллии мо гувоҳи равшани бунёд ва тафаккури  бостонии миллати мост.

Эҳёи дубораи ҷашну  маросим ва суннатҳои мардумии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон, Сада ва даҳҳои дигар дар замони истиқлолият дар Тоҷикистони озод гувоҳи равшани ба асолату расолати таърихии худ бозгаштани миллати моянд. Аксари ин маросимҳо, хусусан Наврӯз, Меҳргон ва Сада таҷассуми одобу хирад, фарҳангу маданият, хуллас, симои  маънавии мардуми тоҷиканд.

Яке аз вижагиҳои барҷастаи ин маросимҳо ва аксари ойину суннатҳои дигари мо дар он ифода меёбад, ки  онҳо на фақат ормонҳои миллӣ ва орзуву ҳадафҳои баланди мардуми моро ифода мекунанд, балки аксарашон дурахши ормонҳои башарӣ буда, меҳру муҳаббат ва ишқу орзуи одамизодро таҷассум кардаанд. Яъне ба орзуву омол ва дардҳои тамоми башар ҳамсадову ҳамнавоянд.  Бубинед, Наврӯз ҷашни шукуфоиву зебоӣ, файзу нишот, ҷашни эҳёи инсону табиат аст; Меҳргон ҷашни ҳосили заҳматҳо, ҷашни фаровониву сериву пурист; Сада ҷашни нур, ҷашни рӯшноӣ, намои пирӯзиҳои инсон аст. Ва инҳо ҳама рамзи ормонҳои башарӣ ҳастанд, ба дарду ормони башарият мехуранд, орзуҳои онҳоро ҷилвагарӣ мекунанд. Беҳуда нест, ки Наврӯзи хуҷастапайи тоҷикон мақоми байналмиллалӣ гирифт ва аз ҷониби мардуми дунё бо муҳаббати хос эътироф гардид. Бо ҳамин обрӯ метавонанд ҷашнҳои дигари мо- Меҳргон ва Сада низ мақоми ҷаҳонӣ дошта бошанд. Зеро онҳо низ бо тамоми зуҳуроти неку хайрхоҳонаашон башарӣ ва умумиинсонӣ ҳастанд.

Ин ҷашнҳо дар Тоҷикистони азизи мо эҳёи тоза ёфтанд. Эҳёву таҷлили Наврӯз дар замони Истиқлолият воқеан эҳёву таҷлили бунёди маънавиву фарҳангиву инсонии халқи мо гардид, ки мардум онро  имрӯз чун ҷашни зодрӯз ва асолати худ таҷлил мекунанд. Истиқболи мардум аз ҷашни Меҳргон низ  гувоҳи зотӣ будани ин ҷашн барои мо, гувоҳи зиндаву пойдор будани суннатҳои баланди тоҷикон аст.

Имрӯзҳо боз як ҷашни дигари таърихиву асотирии миллати мо- ҷашни Сада эҳёи дубора меёбад. Эҳёи дубораи Сада, истиқболи гарму пурмуҳаббати мардум аз ин ҷашни нуру рӯшноӣ низ гувоҳи он аст, ки бо гузашти ин ҳама ҳазорсолаҳо оташи фурӯзони Сада дар умқ-умқи ҳастии миллати мо маҳфуз будааст. Ҷашни Сада яке аз қадимтарин ҷашнҳои инсоният аст ва то ба ҳоло дар ниҳоди мардуми мо фурӯзон мондани он гувоҳи бешаки қадимӣ будани тоҷикон аст, зеро пайдоиши ин ҷашн ба кашфи оташ аз ҷониби инсон марбут аст. Бубинед, ин ҷашнест, ки дар замони аввалин кадхудои Замин- Каюмарс бунёд ёфтааст ва бунёдгузору кошифи он Ҳушанг- набераи чаҳоруми ҳазрати Одам будааст.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Дар эҷодиёти бисёре аз бузургони илму адаби мо  аз “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ то “Ат-тафҳим” ва “Осор –ул- боқия”-и Абӯрайҳони Берунӣ, “Наврӯзнома”-и Ҳаким Умари  Хайём , “Аҷоиб –ул- махлуқот”-и Имомуддин Закариёи Қазвиниву дигарон; дар осори шоирони номдори гузашта Манучеҳрӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ ва бисёри дигар метавон маълумот ва тасвирҳои ҷашни Садаро пайдо кард. Аз ҷумла, Манучеҳрӣ гуфтааст:

Омад он сайиди аҳрор- шаби ҷашни Сада,

Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.

Унсурӣ мефармояд:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Аз Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.

Ва дар ҷойи дигар мегӯяд:

Равшанӣ бар осмон з-ин оташи ҷашни Сада,

К-аз сарои Хоҷа то гардун ҳаме ҳамсар шавад.

Оташе кардаст Хоҷа, к-аз фаровон мӯъҷизот

Ҳар замон дигар ниҳоде гираду дигар шавад…

Ва бо қироати ин сатрҳо манзараҳои бошукӯҳи оташафрӯзии ниёкон дар ҷашни Сада пеши назари мо ҳувайдо мешаванд.

Дар бораи ҷашни Сада ҳанӯз дар қадимтарин осори гузаштагони мо, аз ҷумла “Авасто” маълумот дода мешавад  ва оташе, ки  дар оташкадаву маъбадҳои зардуштӣ фурӯзон буд, ҳамеша нур ва рӯшноӣ ба фарҳангу маърифату одоб ва сиришти мардуми мо бахшида, ӯро аз ҷодаҳои хайру  некӣ ба роҳи ростин раҳнамоӣ кардааст. Имрӯз маҳфуз мондани нури ин оташ дар бунёди миллати соҳибтамаддуни мо беҳуда нест. Зеро оташи Сада, оташи бунёдии мардуми мо воқеан аз ниҳоди равшанипарасти халқамон рӯ задааст. Ин оташ чу рамзи некӣ бар муқобили бадӣ, чун рамзи рӯшноӣ ба муқобили торикӣ ба вуҷуд омадааст.

Имрӯзҳо эҳёву зинда шудани ойинҳои қадимии башарият хусусан дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ва ҷашнҳои қадимии худро соҳибӣ кардани халқи мо далели миллати қадимӣ ва соҳибтамаддун будани тоҷикон аст.

Бо гузаштани ҳазоронсолаҳо эҳёи дубораи ҷашни Сада маҳз дар Тоҷикистони азизи мо боз ҳам гувоҳи он аст, ки оташи Сада ҳамеша дар умқ-умқи халқи мо, дар дилу ҷони тоҷикон ин ҳама асрҳо маҳфуз будааст, ки имрӯз аз нав фурӯзон гардид. Мардуми мо хуб медонанд, ки баъзе аз суннатҳои ин ҷашн: оташафрӯзӣ дар маъракаҳо, аз болои алов париданҳо, гирди гулхан чарх задани арӯсу домод ва бисёр таомулҳои дигари вобаста ба оташ  то имрӯз ҳам дар байни мардуми мо  вуҷуд доранд ва далели зиндаи рӯшноипарастии мардуми моянд.

Гузаштагони мо оташро мепарастиданд. Суғдиён ҳангоми рафтан ба меҳмонии ҳамдигар оташро дастовез ва армуғон мебурданд. Чунон ки устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ хеле зебо тасвир намудааст:

Суғдиён ҳар гаҳ ба кӯи дӯст меҳмон мешуданд,

Дастовезе барои дӯст оташ доштанд,

Яъне чун оташ фурӯзон буд дар дил меҳрашон,

Яъне имону дили бедоғу беғаш доштанд.

Ва ин оташе, ки миллати мо ҳамеша дар ниҳоди поки худ нигоҳ медошт, ҳамеша  рамзи созандагӣ ва рисолати рӯшноибарӣ дошт:

Худои Суғдиён будаст оташ-

Ҳамон оташ, ки оҳанро гудозад,

Ҳамон оташ, ки дар тоби баландаш

Синону ханҷару  шамшер созад.

Ҳамон оташ, ки то ҳоло намурдаст,

Агарчи душманон оташ задандаш.

(Бигирад з-оташ оташ шӯълаи нав,

Намирад з-оташи нав ҳеҷ оташ!)

Ва дар поёни ин шеър усод Лоиқ аз номи миллати равшандили худ чунин меорад:

Ман он оташпарасти поксӯзам,

Парастам оташи мероси онҳо.

Ҳамон оташ, ки ҷовидон намирад

Барои ҳоҷати давру замонҳо.

Воқеан имрӯз миллати мо оташи Садаро аз нав фурӯзон намудааст, то нуру рӯшноӣ ва гармии ин оташи созандаро ба мардуми олам армуғон барад.

Миллати равшандили мо имрӯз ҳам кошифи нуру рӯшноист. Бунёди яке аз бузургтарин неругоҳҳои Тоҷикистон- неругоҳи “Норак” дар замони Шӯравӣ, бунёди теъдоди зиёди неругоҳҳои давлати  тоҷикон имрӯз дар замони истиқлолият,  хусусан бунёди яке аз бузургтарин неругоҳҳои барқии  олам- “Роғун” гувоҳи ин аст. Ва аллакай оташу гармиву рӯшноии ин неругоҳҳо на танҳо Тоҷикистони маҳбуби моро барқафшон кардааст, балки ба дигар кишварҳо низ интиқол дода мешавад. Беҳуда нест, ки яке аз ҳадафҳои бузурги стратегии Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон расидан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат аст.

Дар ин росто як ҳақиқатро бояд эътироф дошта бошем ва ин ҳақиқат нақши бузурги шахсият дар таърих аст. Зеро ин ҳама пайгирӣ аз ҳадафҳои бузург, бунёдкориву шукуфоиҳо, дастовардҳои наҷиби ҷумҳуриамон дар соҳаҳои гуногун дар солҳои охир, рӯҳияи баланди худшиносии милливу  ифтихороти ватандорӣ вобастагӣ ба номи шахсияте дорад, ки аз оғози истиқлолият оташи ишқу садоқати Ватан дар вуҷудаш фурӯзон буд. Ӯ буд, ки ин оташи ватандӯстиро дар вуҷуди ҳар яки мо пора-пора ҷо кард, ӯ буд, ки аввалин қадамҳоро ба сӯи ҷодаҳои худшиносии миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ, ифтихороти миллӣ ва оқибат ваҳдати миллӣ гузошт ва халқро бо ҳамин оҳанг аз паси худ бурд. Ӯ буд, ки таҷлили ҷашнҳои бузургони гузашта ва мавзеъҳои таърихии миллати моро бунёд гузошт. Ӯ буд, ки тамоми неруи худро ба эҳёи ҷашну маросимҳои миллӣ бахшид ва дар маҷмӯъ эҳёи дубораи миллати куҳанбунёдро таъмин кард. Оре, наметавон аз нақши бузурги Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид хомӯш буд.

Имрӯз ҳам пешниҳоди Сарвари фархундаву Пешвои миллати мост, ки ҷашни Сада- ин ҷашни бостонии тоҷикон 30 январи соли равон ба таври васеъ ва дар сатҳи баланд дар тамоми боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва майдонҳои варзишии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳоти Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Бубинед, Пешвои миллати мо он иқдомҳои неку ватандӯстонаро, ки бо ҳадафҳои воло ва  ифтихори миллӣ дар мавриди эҳёи ҷашнҳои Наврӯзу  Меҳргон амалӣ карда буданд, имрӯз нисбат ба ҷашни дигари таърихии мо- Сада раво мебинанд. Оташе, ки бо ҷашни Сада фурӯзон мешавад, оташи бунёдсози миллати мо ва пеш аз ҳама, оташи ватандӯстонаест, ки аз ниҳоди Пешвои фархундаи миллатамон сар задааст.  Ва мо бидуни шубҳа ба ин оташ оташи меҳру муҳаббати ватандӯстонаи худро зам хоҳем кард, то онро фурӯзонтар намоем.

Имрӯз Тоҷикистон маҳзари дурахшони ҷашну маросимҳост, ки ин боиси ифтихори мост. Бигзор ҳамеша чунин бошад. Миллати дар тӯли таърих ҷабри зиёд дидаи тоҷик сазовори сарбаландиву пирӯзиҳост.

Инак, дар ҷашни Сада оташ меафрӯзем, то роҳи моро ба сӯи ояндаи дурахшонамон равшан кунад. Ин ҳам рамзист, ки баъд аз сад рӯзи Сада Наврӯз меояд, яъне Сада дарвозаи Наврӯзи хуҷастапайи мо ва пирӯзии нахустини мо тавассути оташи фурӯзони он бар торикиҳост. Яъне роҳи мо то Наврӯзу то Меҳргони дигар нурборон хоҳад буд.

Камол НАСРУЛЛО,

Шоири халқии Тоҷикистон,

ходими адабии АМИТ “Ховар”

Январь 30, 2018 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд