РОҲИ САФЕД! Ширкати IRS ронандагонро ҳушдор медиҳад, ки бидуни омодагии ҷиддӣ ба сафар набароянд
ДУШАНБЕ, 29.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии мамлакат, шурӯъ аз 27 то 30 январи соли равон бо дарназардошти аз тарафи Қазоқистон ба шимоли Ӯзбекистон дохил шудани ҳавои арктикии сибирӣ дар ҷумҳурӣ ҳаво сард мешавад.
Дар ин робита филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагоне, ки тариқи роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ ба сафар мебароянд, хоҳиш менамояд, ки тавсияҳои ниҳодҳои дахлдорро (дар ҳолати хуб қарор доштани воситаҳои нақлиёт, бо худ доштани таҷҳизоти иловагии зиддилағжиш, яъне занҷир, болиштаки зиддилағжиш, аломати исти садамавӣ) дар мадди назар дошта, бидуни омодагии ҷиддӣ ба сафар набароянд.
Тавре аз маркази матбуоти филиали ширкати мазкур ба АМИТ «Ховар» иброз доштанд, огоҳсозии шаҳрвандон рисолати сохторҳои зикршуда маҳсуб шуда, он набояд боиси ба таҳлука афтодани ронандагону мусофирон гардад. Табиист, ки фасли сармо махсусиятҳои худ, амсоли боришоти барфу сардӣ, яхбандӣ, фаромадани тарма ва ғайраҳоро дорад ва шаҳрвандон набояд аз ин ҳаводиси табиӣ дар ҳарос бошанд. Новобаста аз вазъи обу ҳаво дар ҳама ҳолат сохторҳои марбута барои таъмини бехатарии шаҳрвандон муваззафанд.
«Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ронандагону мусофиронро дилпур месозад, ки ба мавсими сармо омодагии ҷиддӣ гирифтааст, барои таъмини фаъолияти мунтазам дар роҳи Душанбе –Чаноқ ба миқдори зарурӣ қум, намак, сўзишворӣ, ангишт ва ҳезум захира намудааст. Ҳамчунин кулли техникаву механизмҳои филиали Ширкат, ки теъдодашон аз 181 адад зиёд аст, дар ҳолати корӣ қарор доранд. Илова бар ин, бо ибтикори роҳбарият дар хонаҳои устои роҳ, ки марбут ба филиали Ширкат мебошанд, барои муваққатан ҷойгир намудани онҳое, ки бинобар иллат пайдо намудани воситаи нақлиёт дар роҳ дармондаанд, шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст», — афзуд манбаъ.
Бо вуҷуди ин табиат қонунҳои нонавиштаи худро дорад, ки аксар вақт инсон дар қиболи он оҷиз аст. Шоҳиди он ҳастем, ки ҳатто кишварҳои пешрафтаи олам дар баробари чунин офатҳои табиӣ ба мушкил мувоҷеҳ гардида, ба ҳаёти инсонҳо латма ворид мегардад. Шаҳрвандонро зарур аст, ки ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд!








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






