Рустам Шоҳмурод, Вазири адлияи ҶТ: «Яке аз масъалаҳои мушкили истеҳсолоти иҷро вобаста ба ситонидани алимент мебошад»

Январь 31, 2018 15:15

ДУШАНБЕ, 31.01.2018./АМИТ «Ховар»/. Охири соли 2017  Парлумони мамлакат  ба  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуд, ки дар  асоси  он минбаъд   дар Тоҷикистон  нисбат ба шахсоне, ки аз супоридани алимент саркашӣ менамоянд, парвандаи ҷиноятӣ  боз карда мешавад. Дар ин бора Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рустам Шоҳмурод  имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Вазири адлия ҳамчунин зикр кард, ки дар асоси моддаи 178 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки  дар зарфи се моҳ аз пардохти алимент барқасдона саркашӣ менамоянд, ба муҳлати то се сол  аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.

«Яке аз масъалаҳои мушкили истеҳсолоти иҷро теъдоди зиёди ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситонидани алимент мебошад. ­Ҷамъбасти давраи ҳисоботи солҳои охир нишон медиҳад, ки воридшавии шумораи ҳуҷҷатҳои иҷро ба истеҳсолоти иҷрочиёни суд вобаста ба ситонидани алимент сол то сол тамоюли зиёдшавӣ дорад»,-  иброз намуд номбурда дар идомаи гуфтаҳои боло.

«Ҳадафи асосӣ аз ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба кодекси мазкур- ин аз байн бурдани мухолифати қонунгузорӣ ва муҳофизати манфиатҳои қонунии фарзандони ноболиғ ва падару модари ғайри қобили меҳнат, инчунин иҷрои санадҳои судӣ  мебошад», — таъкид   намуд Рустам Шоҳмурод    ва   илова кард, ки    минбаъд  дар мамлакат  мутобиқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  фарзандони болиғи қобили меҳнат низ  уҳдадоранд, ки падару  модари ғайри қобили меҳнати ба кумак муҳтоҷи худро нигоҳубин намуда,  нисбат ба онҳо ғамхор бошанд. Дар сурати набудани созишномаи пардохти алимент барои падару  модари  ғайри қобили меҳнати муҳтоҷ аз фарзандони болиғи қобили меҳнат барои онҳо ба тартиби судӣ алимент ситонида мешавад.

Вазири адлия ҳамчунин  зимни посух ба суолҳои хабарнигорон  доир ба дигар паҳлуҳои фаъолияти  вазорат иттилоъ дод.

Январь 31, 2018 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид