ШОҲНОМАХОНӢ-ҲУНАРИ МАРДУМӢ. Эҳёи он барои тарбияи маънавӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва пандомӯзии наврасону ҷавонон кори арзишманд хоҳад буд

Январь 23, 2018 16:39

«Шоҳнома» достони ҳазорсолаи фаромӯшгашта нест, балки акси садои ниёгони мост, ки дар дилу дидаи халқи шоирпарвару шеърдӯсти тоҷик зиндааст. Гуфтори ноб, лафзи поку бегазанд, ҳусни калом ва нафосати сухани ин шоҳасари безаволро мардуми мо асрҳо пос доштаву пос медоранд. Баъзан дар дурдасттарин гӯшаҳои Тоҷикистон, алалхусус дар шеваи гуфтору кирдори сокинони баландкӯҳи Бадахшону Яғноб, Зарафшону Хатлон, Хуҷанду Истаравшан, Ҳисору Қаротегин нишонҳоеро мебинам, ки ба рӯҳу равон ва асолати тоҷиконаи мо басо созгоранд ва аз он бӯи «Шоҳнома»-и безавол меояд».

 Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 23.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикон аз замонҳои қадим ҳунарманд буданд. Аз сарчашмаҳо маълум аст, ки ҳунарҳои зиёди онҳо аз замони бостон то ба имрӯз расидаанд. Ин ҳунарҳоро ба таври умумӣ метавон ба ду қисмати бузург ҷудо кард: яке ҳунарҳое, киба касбу кору пешае  марбутанд; дигаре ҳунарҳои иҷроӣ мебошанд, ки барои гирифтани ғизои маънавӣ аз ҷониби шахсони моҳиру ҳунарманду гӯяндаи матнҳои фолклорӣ сурат мегиранд. Ин ҳарду гурӯҳро метавон боз ба зергурӯҳҳо ҷудо кард. Ҳар кадоме аз ҳунарҳои мардумӣ дар зиндагии гузашта то рӯзгори мо нақши арзишманди худро гузошта омадаанд.   Пешвои миллат соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд, акнун мутахассисонро зарур аст, ки фаъол бошанд, то  ҳунарҳои аз ниёгон мерос гирфтаи хешро ба таври густурда мавриди омӯзиш ва пажӯҳиш қарор бидиҳанд. Баъзе аз ин ҳунарҳои мардумӣ, ки таърихи чандҳазорсола доранд, барои лаззати маънавӣ гирифтан ва дилхушии мардум иҷро мешаванд. Тоҷикон ба мисли садҳо ҳунарҳои дастии касбу кори худ, ҳамчунин бо ҳунарҳои иҷроии хеш, ба монанди хунёгарӣ, сарояндагӣ, дорбозӣ, афсонагӯӣ, қиссагӯӣ, шоҳномахонӣ, наққолӣ, ширинкорӣ, аскиягӯӣ, қофиябозӣ, масхарабозӣ, бозигарӣ, навозандагӣ, раққосӣ ва ҳаказо низ дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардум ғизои маънавӣ бахшидаанд.

Яке аз ин ҳунарҳо шоҳномахонӣ аст, ки гӯяндагони махсус достонҳои «Шоҳнома»-ро месароиданд, баён менамуданд ё ки бо маҳорат (чун актёр) иҷро менамуданд, ки ин ҳунари шоҳномахонӣ таърихи дуру дароз дорад.

Пас аз ба вуҷуд омадани хат ва баъдан бо гузашти замон, тадриҷан ба шакли навишторӣ даромадани осори гуфторӣ дар байни мардум дар канори бо маҳорат ба самъи шунаванда расонидани матн, ҳамоно бо садои дилнишин хондани он низ идома дошт. Аз сабаби он ки дар замонҳои пешин аксари мардум аз хондан ва навиштан огоҳ набуданд, баён намудани осори мансур ва сароидани осори манзум густариш ёфта буд.

Дар садаҳои аввали мелодӣ ва баъдҳо дар канори хондану сароидану ҳикоят намудан, шоҳномахонӣ низ ривоҷ пайдо кард. Дар садаҳои 4-6 мелодӣ ва баъдҳо касоне буданд, ки достонҳои «Шоҳнома»-ро мехонданд, месароиданд ва баён менамуданд. Дар натиҷа «Худойнома»-ҳою «Шоҳнома»-ҳо ба вуҷуд омаданд.

«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ бар асоси ҳамин сарчашмаҳо арзи вуҷуд кард. Баъдҳо онро наққолону қиссагӯёни моҳир месароиданд ва ҳамин тавр шоҳномахонӣ дар байни мардум ҷо гирифт. Ин ҳунари мардумӣ садаҳои баъд низ ҳамоно идома дошт ва аксари сарояндагону гӯяндагони шоҳномахону шоҳномасаро, қиссагӯён, наққолон аз матни ин асари ҳамосии беназир истифода менамуданд.

Ҳамин тавр шоҳномахонӣ то замони мо идома ёфта, то нимаи аввали садаи ХХ дар аксари манотиқи Осиёи Миёна, Афғонистон ва Эрон густариш ёфта буд. Ҳатто дар асоси «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ «Шоҳнома»-ҳои зиёди мансур ба вуҷуд омаданд, ки онҳоро гӯяндагони моҳир, наққолон, қиссагӯён таҳия намуда, худ мавриди истифода қарор медоданд.

Дар сарчашмаҳо дар бораи шоҳномахонӣ гоҳе ишоратҳо дида мешавад. Аммо пас аз пас аз ба вуҷуд омадани илми фолклоршиносӣ пажӯҳандагон ба ин ҳунари волои мардумӣ то ҳадде таваҷҷуҳ намуданд. Маълум шуд, ки дар ҷойҳои махсус, дар назди бозорҳо, қаҳвахонаҳо, баъдтар шабнишиниҳои гурӯҳӣ, хонаводагӣ ва чойхонаҳо шоҳномахонӣ низ вуҷуд доштааст. Дар канори ба мардум пешкаш намудани ҳунарҳои гуногуни иҷроии сарояндагон ва гӯяндагони моҳир, шоҳномахонӣ низ ҳамеша дорои ҷойгоҳи худ будааст.

Тибқи мушоҳида ва маълумоти ҷамъовардаи мо, қиссагӯӣ ва шоҳномахонӣ дар нимаи аввали садаи бист бештар будааст, баъдҳо сол ба сол камтар шуда, ҷои онро воситаҳои дигари ҳунарӣ ва ахборӣ, ба монанди радио, театр, телевизион, видео, интернет ва ғ. гирифтаанд. Бо вуҷуди он дар байни тоҷикон, дар зеҳни баъзе аз калонсолон, ҳамон ҳунари қиссагӯӣ, китобхонӣ, шоҳномахонӣ, шоҳномасароӣ на фақат боқӣ мондааст, балки ҳоло низ шахсонеро пайдо кардан мумкин аст, ки ин оини деринаи ҳунари ниёгонро дар муҳити хонаводагии хеш идома медиҳанд. Пас ҷустуҷӯ бояд кард.

Имрӯзҳо низ дар гӯшаву канори Тоҷикистон, тоҷикони Ӯзбекистон, Афғонистон ва Эрон касоне ҳастанд, ки достонҳои «Шоҳнома»-ро, ки аз ниёгони худ шунидаанд, ҳикоят мекунанд ва ё бо маҳорат иҷро менамоянд. Дар тӯли чанд даҳсолаи охир нависандаи ин сатрҳо дар ҷустори чунин шоҳномахонон аст. Чанд сол пеш шунидам, ки дар Тоҷикобод пирамарди шоҳномахоне аст. Баъдҳо фаҳмидам, ки ин шахс падари олим ва шоири маъруфи мо Рустами Ваҳҳобзода мебошад.

Шоҳномахон – Илёси Ваҳҳоб (соли таваллуд 1927) дар ноҳияи Тоҷикобод зиндагӣ дорад. Ин пирамарди нуронии 91-сола бархе аз достонҳои «Шоҳнома»-ро ҳоло низ ривоят мекунад. Порчаҳое аз «Шоҳнома»-и Фирдавсиро нағз дар ёд дорад. Банда моҳи майи соли 2016 бо эшон чанд рӯз суҳбат доштам ва баъзе аз ин гуфтугӯҳоро сабт ҳам кардам.

Илёсбобо пирамарди миёнқад, неруманд, хушсухан, меҳрубон буда, забони буррову равону гӯё дорад. Ба риши кӯтоҳи сафеди шинам, тоқии чустии зебанда, ҷелаки содаи муносиб, ҳамчунин ба чеҳраи ҳамеша хандону нуронии ин пирамарди 91-сола бо диққат бингаред, гумон мекунед, ки умри эшон бештар аз шаст сол нест. Тавре бобо бароям гуфт, ҳар рӯз беш аз даҳ километр пиёда ба кӯҳ меравад. Дар замони муносиб кабк ва парандаҳои дигарро бо доми махсуси суннатии худ шикор мекунад. Ба ин восита аз муҳити табиӣ, ҳавои поку беолоиш, зебоиҳои теппаву кӯҳҳои осмонбӯс баҳра мебарад.

Дар он лаҳзае, ки ман аз дарвоза ба ҳавлии он кас даромадам, бобо дар болои таҳкундае менишаст. Ман гумон кардам, ки ин кас шояд бародари хурдии Илёсбобо ҳастанд. Чунки дар тасаввури ман чеҳраи пирамарди қариб навадсола (2016) дигар буд. Пас аз салому алейк ба меҳмонхона даромадем. Андаке аз ину он суҳбат кардем ва оҳиста-оҳиста ба асли мақсад наздик шудем.

Аз пурсишҳо маълум шуд, ки дар наврасии Илёсбобо (солҳои сиюм) дар Тоҷикобод шоҳномахонӣ вуҷуд доштааст. Шахсоне будаанд, ки «Шоҳнома»-ро ҳам месароидаанд, ҳам ҳикоят мекардаанд ва ҳам бо оҳанги шево хонда, мазмуни ҳар байтро шарҳ медодаанд. Аз ҳамон замон Илёбобо ошиқи достонҳои «Шоҳнома» ва шоҳномахонӣ гардида будааст.

Вале мушкилоти солҳои сиюми садаи ХХ, оғоз шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), бозсозии баъди ҷанг зиндагиро ба куллӣ тағйир дод. Шоҳномахонону шоҳномасароёну шоҳномадонон низ пир мешаванд, аксарашон аз олам дармегузаранд. Илёсбобо низ ба монанди дигарон то синфи даҳ дар мактаб таҳсил карда, соҳиби фарзандони зиёд мешавад (ҳоло 13 нафар духтару писар дорад). Ҳамоно меҳри шоҳномахоние, ки дида ва шунида буд, аз ёдаш намерафт. Аз давраи ҷавонӣ гоҳе ба хешовандон, дӯстон, ҳамоягон ва баъдҳо ба фарзандон достонҳои «Шоҳнома»-ро бо маҳорат ҳикоят мекарду порчаҳои ҳифз кардаи онро азёд месароиду мегуфт.

Бо гузашти замон сол то сол воситаҳои техникӣ, ба монанди радио, телевизион, видео густариш ёфтанд. Тавачҷуҳи наслҳои баъд ба шунидани афсонаву қиссаву достонҳо кам шудан гирифт. Ба ин далел барои дигарон баён намудани достонҳои «Шоҳнома» аз ҷониби Илёсбобо суст гашта бошад ҳам, вале ҳамоно шоҳномахониро тарк накард.

Аз Илёсбобо пурсон шудам:

– Бобоҷон, аз шоҳномахонии гузаштагон чизе ба ёдатон мондааст?

Илёсбобо бо табассуми пурмеҳри хоси худ, хеле мухтасар ёдовар шуд:

– Дар замони навҷавонии мо шоҳномахонӣ буд. Баъд ҷанг сар шуду ҳама мурданд. Ду каси онҳо ба ёдам ҳаст, ки то чанд сол пеш буданд. Яке аз онҳоро Мулло Саидэҳсон мегуфтанд, ки ба алифбои форсӣ «Шоҳнома» дошт. Боз касе ёдам омад, ки ӯро Махсуми Чунг мегуфтанд. Инҳо низ гоҳе шоҳномахонӣ мекарданд.

Боз пурсидам:

– Бобоҷон, гуфтед, ки як умр деҳқонӣ кардам. Фарзандонро бо нони деҳқонӣ ва заҳмати кишту кор калон намудед. Маълум аст, ки зиёд заҳмат кашида, 13 фарзанди нозанинро ба камол расонида, соҳиби маълумоти олӣ, хонаву дар  кардед, ки ин осон нест. Вале бо вуҷуди ин қадар заҳмат чӣ тавр шоҳномахониро то ҳол тарк накардед?

Илёсбобо бо завқ хандида, гуфт:

– Аз хурдсолӣ, аз гуфтаи калонсолон, ишқи «Шоҳнома» дар дили ман ҷо гирифта буд. Баъдан, ғайр аз корҳои деҳқонӣ ба кӯҳ мерафтаму гоҳе бо шикор машғул мешудам. Дар ин лаҳзаҳо ҳамон қаҳрамонҳои «Шоҳнома» ба пеши назарам меомад. Гоҳе ба шариконам низ баъзе достонҳои «Шоҳнома»-ро ҳикоят мекардам. Онҳо ҳар бор хоҳиш мекарданд, ки ман як достон нақл кунам. Дар солҳои панҷоҳ шабҳо ба дӯстон ва хешовандон шоҳномахонӣ мекардам. Паҳлавони «Шоҳнома» Рустами Дастонро дӯст медоштам. Дар бораи Рустам зиёд ҳикоят мекардам. Фарзанди аввалам Аслия (1957) духтар буд, баъд соли 1960 фарзанди дуюмам ба дунё омад, ки писар шуд. Аз шодӣ номашро ба хотири Рустами Фирдавсӣ, ман ҳам Рустам мондам.

– Хеле олӣ. Воқеан номи зеботаринро интихоб намудед, ки ҳоло Рустамҷон дар адабиёти мо корҳои рустамона мекунад.

Илёсбобо ба сухани худ идома дод:

– Баъдҳо дӯстонам завқи маро фаҳмида, хабар доданд, ки «Шоҳнома» ба тоҷикӣ чоп шудааст. Ман онро пайдо карда, боз хондам. Шунидаҳоям боз ба ёдам омад. Ба назари ман дар дунё китоби беҳтарине ба мисли «Шоҳнома» вуҷуд надорад.

– Бале, рост мегӯед, бобоҷон, Худоро шукр, ки 13 фарзанд доред (7 писару 6 духтар). Номи ду писари дигаратон яке Сӯҳроб ва дигаре Баҳром аст. Оё инҳо ҳам аз «Шоҳнома» гирифта шудаанд?

Илёсбобо ба ман нигоҳ карда, бо табассум гуфт:

– Бале, албатта. Достони «Рустам ва Сӯҳроб»-ро нақл мекардаму ба кушта шудани Сӯҳроб раҳмам меомад. Сӯҳроби Фирдавсӣ ҳам паҳлавони беназир буд. Вай дар ҷустуҷӯи падараш рафт, вале ҳасудон кори худро карданд. Порчаҳои ин достонро азёд медонам. Ҳар боре, ки ба фарзандонам достони «Рустам ва Сӯҳроб»-ро нақл мекардам, ба онҳо таъкид менамудам, ки аз ҳар достону ҳар байти Фирдавсӣ сабақ бигиранд. Ҳамин тавр пас аз Рустам (с.т. 1960) писари дуюмам Аҳтам (с.т. 1962) ва чанд духтар (Бибиотия, Ҳанифа, Гулбарг) таваллуд шуданд. Пас аз даҳ соли таваллуди Рустам соли 1970 писари дигарам ба дунё омад. Он солҳо ман гоҳе дар шабнишиниҳо «Рустам ва Сӯҳроб»-ро ҳикоят мекардам. Ана барои ҳамин ман ҳам бо меҳр номи писарамро Сӯҳроб мондам.

Илёсбобо ногоҳ аз ман пурсид:

– Шумо достонҳои Баҳроми Гӯрро медонед?

Ман гуфтам:

– Кам дар ёд дорам.

– Медонед, падари Баҳроми Гӯр подшоҳи ҷоҳил буд. Худи Баҳроми Гӯр подшоҳи одил буд. Вай гоҳе либоси одӣ пӯшида, дар байни мардум мегашту ба гуфтаҳои мардум гӯш медод. Баъд камбудиҳоро ислоҳ мекард. Дар ин солҳо фарзандонам Маҳкам (с.т. 1972), Мустаон (с.т. 1974), Садбарг (с.т. 1976), Собир (с.т. 1978) таваллуд шуданд. Боре худ ба худ гуфтам «агар ин дафъа Худо писар диҳад, номашро Баҳром мемонам». Қиссаҳои Баҳроми Гӯрро дӯст медоштам. Яке соли 1980 писари хурдиам Баҳром ба дунё омад. Дар дил гуфтам, ки «Худо Баҳромро дод». Барои хубиҳои Баҳроми Гӯр, вайро Баҳромшоҳ ҳам мегӯянд, номи писараки хурдиамро, ки пас аз даҳ соли Сӯҳроб, соли 1980 таваллуд шуд, боз ба ёди қаҳрамони «Шоҳнома» Баҳром мондам.

Гуфтаҳои мӯйсафеди зиндадил, хушбаёну хушгуфторро мешунидаму лаззат мебурдам. Маълум мешавад, ки дар гузашта, дар ҳар маконе, ки тоҷикон ва форсизабонон зиндагонӣ мекардаанд, шоҳномахонӣ ва бо оҳанг сароидани порчаҳои «Шоҳнома» ва ё бо садои мутантан хонда, маънидод намудани баъзе порчаҳои он вуҷуд доштааст. Илёсбобои барнодил сухан мегуфту аз гуфтаҳои хеш завқ мебурд. Баҳроми Гӯр таваҷҷуҳи маро ҷалб намуд. Пурсон шудам:

– Бобоҷон, ин Баҳроми Гӯр чӣ хел байни мардум мерафтааст? Ҳоло пас аз солҳо чизе дар ёдатон ҳаст?

Илёсбобо гуфт:

– Баҳроми Гӯр як рӯз ба шикор меравад. Бо лашкараш шикор мекунад. Шикораш он қадар барор намегирад. Вақти аз шикор баргаштан ба як деҳа мерасад. Баҳром мехост, ки намояндагони деҳа ӯро меҳмондорӣ намоянд. Аммо мардум даъваташ намекунанд. Баҳром меранҷад. Аз деҳа мегузараду ба вазир мегӯяд:

– Ҳамин деҳаро вайрон кун.

Вазир ба деҳа рафта, мардумро ҷамъ карда, мегӯяд:

– Подшоҳ фармон дод, ки аз имрӯз сар карда, дар деҳаи шумо сардор нест, ҳамаатон сардор. Кадомат зӯр бошӣ, ҳамонат сардор.

Ҳамин қадар гап мегӯяду меравад. Мардуми сода бовар карданд, ки мо ҳама метавонем сардор бошем. Дар он деҳа задухӯрд сар мешавад. Як нафар мегӯяд, ки ман сардор, дигаре мегӯяд, ки не, ман сардор. Хунрезӣ, кушокушӣ мешавад. Мардум гуреза мешаванд, аз деҳа бисёриҳо мебароянду мераванд. Деҳа вайрон мешавад, беоб мемонад, ҷӯйборҳо хушк ва дарахтҳо қоқ мешаванд. Фақат хор медамад. Деҳа вайрона мегардад. Соли дигар Баҳром боз аз ҳамон ҷо мегузарад. Баҳром нигоҳ мекунад, ки деҳаи сарсабз вайрон аст. Пушаймон мешавад. Ба вазир мегӯяд, ки ободаш кун. Вазир ба деҳа мераваду як мӯйсафеди зираку доноро пайдо карда, ба вай мегӯяд:

– Ин деҳа чаро ин тавр шуд?

Мӯйсафед мегӯяд:

– Порина як вазири шум омаду гуфт, ки ҳамаи шумо сардор. Барои мансаб ҷанг шуд, хунрезӣ шуд, кушокушӣ шуд. Мардум гуреза шуданд, бирафтанд. Обҳо хушк, ҷӯйборҳо беоб, дарахтҳо хушк шуданд.

Вазир дид, ки мӯйсафед доно аст. Ба вай гуфт:

– Охир, он вазир ба ихтиёри худаш накарда буд. Ҳоло подшоҳ фармон дод, ки акнун шумо сардори ҳамин деҳа. Чизе, ки даркор аст, аз хазинаи подшоҳ бигиред, бароятон медиҳем. Марҳамат маблағ, гов, хар. Барои кишт тухмӣ гиред, коре кунеду деҳаро обод кунед.

Баъд мӯйсафед одамҳоро фарёд мекунад. Аз деҳаҳои дигар баргардонда меорад, ҷамъ мекунад. Вазир аз хазинаи подшоҳ маблағ медиҳад. Деҳа дар як муддат обод мешавад. Пас аз чанд сол Баҳроми Гӯр ҳангоми шикор боз аз ҳамон деҳа мегузараду мебинад, ки деҳа аз пештара ҳам ободтар шудааст.

Илёсбобо бо ҳавас мегӯяд, ки ҳикоятҳои Баҳроми Гӯр зиёданд. Аз ҷумла, бобо боз якеро ёдовар шуд:

– Ин афсонаву достонҳоро солҳои пеш зиёд нақл мекардам. Ба ин восита фарзандонро панд медодам. Дар суҳбатҳои хонавода, хешовандон ва ҳамсоягон гоҳе аз ман хоҳиш менамуданд, ки аз ҳикоятҳои Баҳроми Гӯр нақл бикунам. Ҳикояти дигараш чунин аст: Баҳроми Гӯр як рӯз дар шикор буд. Ҳаво мисли ҳамин рӯз (охири моҳи май) гарм буд. Замони аз шикор баргаштан ба боғе мерасад. Мебинад, ки дар даромади боғ мӯйсафеде рост истодааст. Баҳром ба вай мегӯяд:

– Боғбонӣ?

Ҷавоб медиҳад:

– Ҳо.

Мепурсад:

– Дар боғат анор дорӣ?

Мегӯяд:

– Дорам, мусофир.

Хоҳиш мекунад:

– Каме оби анор биёр.

Боғбон мераваду як анорро фишурда, як коса оби анор меорад. Мехӯраду Баҳроми Гӯр дар дилаш мегӯяд, ки «агар каме андоз бандам, хазинаи подшоҳ пур мешавад». Баъд боз хоҳиш мекунад:

– Ширин будаст. Боз як коса оби анор биёр.

Боғбон мераваду даҳ анорро мефишорад, коса ним мешавад. Дер меояд. Баҳроми Гӯр мепурсад:

– Чаро дер кардӣ? Чаро ун дафъа косаат пур буд, ҳоло ним аст?

Боғбон мегӯяд:

– Вай дафъа барои он косаро аз оби анор пур овардам, ки нияти подшоҳ рост буд. Ҳозир нияти подшоҳ дигар шуд. Дафъи аввал як анорро фишурдам, як коса пур шуд, ҳозир даҳ анорро фишурдам, ним коса шуд. Чунки нияти подшоҳи мо дигар шуд.

Баҳроми Гӯр ин гапро шунида, боз дар дилаш мегӯяд: «аз ниятам гаштам, тамом, андоз-мандоз намебандам, мардум аз андоз озод». Баъд боз хоҳиш мекунад:

– Анорат ширин будааст, боз каме оби анор биёр.

Боғбон мераваду зуд бо косаи пури оби анор бармегардад. Баҳроми Гӯр ҳайрон мешаваду мепурсад:

– Чаро ин дафъа косаи оби анорро пуру зуд овардӣ?

Боғбон мегӯяд:

– Ба назарам, нияти подшоҳ росту дуруст шуд.

Илёсбобо нақлҳоро мӯъҷаз, сода ва фаҳмо баён менамояд, то шунаванда масъаларо хуб дарк кунад. Дар «Шоҳнома» ин ҳикоят дар бораи зане аст, ки шири говаш хушк мешавад ва баъди дуруст шудани нияти Баҳроми Гӯр шир дубора пайдо мегардад. Варианти Илёбобо низ ҷолиб аст.

Ҳар кадоме аз матнҳои шифоҳӣ табииянд, ки дар натиҷаи аз насл ба насле борҳо ҳикоят намудан, ё борҳо бо фосила нақл кардан дигар мешаванд. Мавзӯи аслӣ мемонад, воқеа, ҳодиса, шахсиятҳо дигар мегардад. Ҳамин нуктаро нисбат ба матнҳои «Шоҳнома» низ метавон гуфт. Муҳим он аст, ки «Шоҳнома» дар тӯли беш аз ҳазор сол сарчашмаи ғизои маънавии мардуми мост.

Замон дигар шуд. Дар тамоми дунё воситаҳои техникӣ пеш рафтанд. Ҳоло мардуми мо низ мероси фарҳангию адабию ҳунарии худро аз тариқи китоб, радио, телевизион, видео ва ғайра меомӯзанд. Аммо тарзи баёни гуфторӣ то ба имрӯз яке аз воситаҳои муҳимтарин аст. То он замоне, ки инсон гуфтугӯ менамояд, ҳатман аз тариқи гуфтор нақле ва матнеро яке ба дигаре муфассал ё мухтасар баён менамояд.

Дар Тоҷикобод ва ноҳияҳои дигари Тоҷикистон шоҳномахонӣ, шоҳномасароӣ, қиссахонӣ ва ҳикоят намудани достонҳои он дар шабнишиниҳои мардумӣ дар гузаштаҳо будааст. Вале он шахсони қиссагӯву наққолони касбӣ аз байн рафта бошанд ҳам, ҳоло ҳам дар ин ё он гӯшаву канори мамлакат метавон касонеро ба монанди Илёсбобои зиндадил пайдо намуд, ки шоҳномахонони гузаштаро дар ёд доранд ва худ шоҳномахонӣ ё шоҳномагӯӣ менамоянд.

Дар ҳамин 91-солагӣ ҳоло ҳам ин пирамарди хушсуҳбати ошиқи «Шоҳнома» барои фарзандон, набарегон, аберагон, чаберагон, ҳамсояҳо бо муҳаббат аз достонҳои «Шоҳнома» нақл мекунад. Мардум ҳикоятҳои дилнишин ва хониши порчаҳои манзуми Илёсбоборо дӯст медоранд. На фақат дӯст медоранд, балки шунидаҳои худро ба дигарон низ мегӯянд. Дар ин хонавода даҳҳо нафар наздикон, хешовандон, ҳамсояҳо устура, афсона ва достонҳои «Шоҳнома»-ро аз Илёсбобо шунидаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки Илсёбоборо ҳар сол барои шоҳномахонӣ ба мактабҳои Тоҷикобод низ мебаранд. Ман худ шоҳиди он будам, ки таҳти таъсири баёни ширини Илёсбобои хушгуфтор садҳо духтарону писарон ба шоҳномахонӣ рӯ овардаанд. Духтарон ва писарони мактаб хониши дилнишини бооҳанг ва баёни гуворои Илёсбоборо шунида, завқ бурда, талош менамоянд, ки шоҳномахону китобхон бишаванд. Дарвоқеъ, шоҳномахонӣ ва моҳирона баён намудани достонҳои «Шоҳнома» дар гузаштаҳо яке аз ҳунарҳои волои мардумӣ буд.

Ҳамроҳи Илёсбобо гуфтугӯи ман дар хона, дар баландии кӯҳи сарсабз ва ҳам назди чашмае сурат гирифт. Ман бо эшон тахминан 20 километр ба доманаи кӯҳи Сагунакӣ баромадам. Дар он ҷо баёни баъзе достонҳоро ба навори видео низ сабт кардам.

Ҳангоми ҳикоят ҳар ду бо завқу шавқ мегуфтем, ки воқеаҳои «Шоҳнома» дар ҳамин гуна ҷойҳо: кӯҳҳо, даштҳо, баландиҳо, пастиҳо гузаштаанд. Ман ба Илёсбобо гуфтам:

– Рустаму Исфандиёру Сиёвушу Сӯҳробу Бежану Баҳрому дигар паҳлавонҳои «Шоҳнома» ҳамеша бо аспашон дар чунин кӯҳҳои сарсабз меомаданду шикор мекарданд. Бобоҷон, ҳоло шумо ин корро танҳо мекунеду дар бораи онҳо ҳикоят менамоед.

Пирамард хушҳолона бароям порчае аз достони дигарро мегуфт. Яке аз равишҳои шоҳномахонии Илёсбобо чунин аст, ки порчаҳое аз «Шоҳнома»-ро аз ёд хонда, баъд маънии онро барои ҳозирин шарҳ медиҳад.

Дар он мулоқоти худ аз Илёсбобои хушгуфтору барнодил дар бораи Фирдавсӣ ва Султон Маҳмуд, Каюмарс, Ҳушанг, ҷашни Сада, Таҳмурас, Ҷамшед, Мардос, Заҳҳок, Кова, Фаридун, Сом, Рудоба, Зол, Симурғ, Рустам ва Рахш, Кайқубод, Кайхусрав, Сиёвуш, ҷанги Рустам бо Пилсам, Ашкбӯс, Рухом, ҳафтхони Рустам, Рустам ва Аквондев, Рустам ва Исфандиёр, Рустам ва Шағод, Баҳроми Гӯр ҳикоятҳои дилнишин шунида, то ҳадди имкон сабт кардам. Баъзе аз ин ҳикоятҳо тӯлонӣ ва баъзе хеле мухтасару дилнишин буданд.

Чунин касоне, ки ба мисли Илёсбобо як умр бо деҳқонию кишоварзӣ машғул буда, ошиқи «Шоҳнома» ва адабиёти ниёгони мо ҳастанд ва дар синни мубораки 91 ҳофизаи қавӣ дошта, онҳоро зебову дилнишин баён менамоянд, каманд. Илёсбобо на фақат аз «Шоҳнома», балки дар мавридҳои муносиб аз Низомӣ, Ҳофиз, Мавлоно ва дигар классикон низ шеърҳо хонда, ҷавононро панд медиҳад.

Ҳоло Илёсбобо гоҳе бо даъвати маъмурияти ягон мактаб дар назди хонандагон, гоҳе дар нишасти пирамардон дар чойхона, дар меҳмонӣ, шабҳои сӯгворӣ ҳатман достон, панде аз «Шоҳнома»-ро ба ёд оварда, онро ба тарзи ҳикояти дилнишин ба самъи шунавандагон мерасонад.

Ин аст яке аз ҳунарҳои иҷроии мардумӣ, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири гиромидошти ин гуна ҳунарҳо соли 2018-ро Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Ҳунари шоҳномахониро бо равиши нав дар мактабҳо бояд эҳё кард. Чунки «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ аз аввал то охир панду  андарз, ташвиқи хирад, худшиносӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва дигар хислатҳои неки инсонӣ мебошад.

Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хуб мебуд, ки пажӯҳандагон чунин шахсони оқилу ҳунармандро дар ҳар соҳаи ҳунармандӣ, аз ҳама ҷо, шаҳру деҳаҳои дурдаст пайдо намуда, ҳунари суннатии онҳоро мавриди омӯзиши бештару дақиқтар қарор бидиҳанд. Ҳамчунин агар дар мактабҳою театрҳо ин ҳунари ҷаззоби шоҳномахонию шоҳномасароиро эҳё намоем, он барои тарбияи маънавӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва пандомӯзии наврасону ҷавонон кори арзишманд хоҳад буд.

 

Равшан РАҲМОНӢ,

профессори ДМТ

Январь 23, 2018 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии ҷавонон дар Қазокистон иштирок намуд
ОМӮЗГОРОН-ПОСДОРОНИ ЗАБОНИ МИЛЛАТ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳамоиши тантнавӣ доир шуд
Олимони Чин бо фаъолияти Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон таҷлил гардид
6 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МАКОНИ ЗИСТ. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд таъсири харобиовари омили антропогенӣ ба табиатро ҷилавгирӣ намояд
МУЛОҚОТИ СУДМАНД ВА ТАҲКИМБАХШ. Дар ҳошияи сафари Президенти Тоҷикистон ба Давлати Қатар
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Душанбе Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор мегардад
Забони тоҷикӣ давоми бештар аз сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ муҳимтарин омили ваҳдат ва сарҷамъии миллат гардид
Дар шаҳри Гулистон ба гиромидошти Рӯзи забони давлатӣ конференсия баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Китобхонаи миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
«ЗАБОН-РУКНИ МУАССИРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид