Тоҷикистон аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад-шарҳи Паёми Пешвои миллат дар Норак

Январь 10, 2018 16:28

НОРАК, 10.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи чорабиниҳо оид ба  тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлисгоҳи Неругоҳи барқи обии “Бойғозӣ”-и шаҳри Норак  ҷамъомади бошукӯҳ доир гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Неругоҳи мазкур иттилоъ доданд.

Дар ҷамъомади мазкур директори неругоҳ Рустам Зоғаков иброз намуд, ки “Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  санади сарнавиштсоз, роҳнамо ва қутбнамои инкишофи ҷомеа буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва  хориҷии Тоҷикистон, нақшаҳои рушди устувори минбаъда дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат тарҳрезӣ гардида, вазифа,  мақсаду маром, роҳу воситаҳои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ муайян ва мушаххас мегарданд”.

Инчунин зикр гардид, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз давлатҳои татбиқкунандаи энергияи сабз маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад. Хушбахтона, ҳоло барои навсозии низоми энергетикии кишвар ва бунёди инфрасохтори зарурии содироти он татбиқи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дошта, он дар маҷмӯъ  барои рушди соҳаи энергетика равона гардидааст.

Баъд аз таҷдиду навсозии неругоҳҳои “Норак”, “Сарбанд”, “Қайроққум” таҷдиди пурраи НБО –и “Бойғозӣ” дар назар аст.

 

 

 

Январь 10, 2018 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад