«Тоҷикстандарт» ба корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни соҳибкорон таҳким мебахшад

Январь 31, 2018 12:06

ДУШАНБЕ, 31.01.2018 /АМИТ «Ховар»/.Дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат Агентии «Тоҷикстандарт»  бо мақсади дастгирии истеҳсолоти ватанӣ  ва  дар ин замина мусоидат ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридивазкунандаи ватанӣ миёни соҳибкорони мамлакат корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият мебахшад.

 Тавре имрӯз зимни нишасти хабарӣ директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудрат Давлатзода иброз дошт, соли 2017  дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 15 машварати омӯзишӣ ва мулоқот бо зиёда аз 450 нафар соҳибкорону истеҳсолкунандагони  маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ, қаннодӣ, нӯшокиҳои ташнашикану обҳои ошомиданӣ, инчунин маҳсулоти сохтмонӣ, дӯзандагӣ  ва мебелӣ гузаронида шуд. Дар машвартҳо мазмуну мундариҷаи регламентҳои техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникии соҳа мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон дар ин давра  субъектҳои хоҷагидори ҷумҳурӣ  бо 3110  саҳифа ҳуҷҷатҳои меъёрӣ таъмин карда шуда, 61 шарти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати меъёрӣ  ва 566 стандарти байнидавлатӣ расман ба қайд гирифта шуд, ки аз онҳо 264 ададаш бо стандартҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг карда шудаанд. Инчунин регламентҳои техникӣ дар шакли китобча чоп шуда, ба субъектҳои хоҷагидор дастрас карда шуданд.

                  

 

 

Январь 31, 2018 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад