Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Канада мулоқот намуд

Январь 31, 2018 11:13

ДУШАНБЕ, 31.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. 30 январи соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Канада дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳаш дар ш.Остона) Николас Бруссоро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Канадаро матраҳ карданд.

Мусоҳибон ҷиҳати дарёфти роҳу воситаҳои нави густариши ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Канада ҳавасмандӣ баён намуданд. Дар ин робита ба зарурати истифодаи имкониятҳои фарох дар самти тавсеаи равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории ду давлат, алалхусус дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, коммуникатсия, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва илм ишора карда шуд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон С.Аслов ҷиҳати иштироки фаъоли ҳайати Канада дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Мубориза бар зидди терроризм ва тундгароӣ” (ш.Душанбе, 3-4 майи соли 2018) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028 (ш.Душанбе, 20-22 июни соли 2018) даъват ба амал овард.

Атрофи масоили ҳамкории Тоҷикистону Канада дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифт.

 

 

Январь 31, 2018 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Густариши робитаҳои молиявии Тоҷикистон ва Қатар мавриди муҳокима қарор гирифт
Байни мақомоти стандартизатсияи Тоҷикистон ва Узбекистон «Харитаи роҳ» омода карда мешавад
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии маълумот ва зеҳни сунъии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Институти дипломатии Кувайт ба номи Сауд Ан-Носир Ас-Сабоҳ мулоқот намуд
Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарияти Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор гашт
Дар Душанбе тавофуқоти ҳосилшуда зимни нахустин Саммити Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Дар Остона намоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Тоҷикистон баргузор мегардад
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд