ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…

Январь 8, 2018 09:53

ДУШАНБЕ, 08.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои содирнамудаи баъзе шаҳрвандон  ҳамарӯза хабар медиҳад. Ин ҳолат новобаста аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия аз сабаби ноогоҳӣ, надоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нодида гирифтани талаботи қонун аз ҷониби гумонбарон рух медиҳад. Инак чанде аз онро барои хонандагони АМИТ «Ховар» пешниҳод мекунем.

Калиди зери пояндоз ё дохили сипари барқӣ гузошташуда ба манфиати дузд истифода шуд

Кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд дар асоси муроҷиати чабрдидаҳо бо гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гиреҳи силсиладуздии дар баландошёнаҳо содир шударо ошкор намуданд. Ба фарзияи тафтишот ҷабрдидаҳо худашон барои ҷиноят шароит фароҳам сохтаанд. Калиди ҳуҷраҳои баландошёнаро истиқоматкунандагон аз бепарвоӣ зери пояндози дар, ё дохили сипари барқӣ гузоштаанд, ки чунин ҳолат аз тарафи шаҳрванд Шаҳобиддини Мақсудбек, соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳ суиистифода шудааст.

Кашфиёти ғайриоддии услуби ҷиноят имкон дод, ки давоми моҳи декабр гумонбаршаванда Шаҳобиддини Мақсудбек дар ҳудуди маҳаллаҳои 32 ва 33 шаҳри Хуҷанд рӯзона озодона ба чор ҳуҷра ворид шуда, пул ва дигар ашёи арзишмандро тасарруф намояд. Аз ҳаракатҳои ҷинояткорона 7 нафар хисороти моддӣ бардошта, натиҷаи зарар ба 28 ҳазору 880 сомонӣ баробар аст. Ҷабрдидагони 3 ҳуҷра донишҷӯёни иҷоранишин мебошанд. Аз ҳуҷраҳои онҳо аз 100 то 380 сомонӣ пули нақд, ноутбук ва телефонҳои мобилӣ дуздида шудаанд.

Айни ҳол нисбат ба гумонбаршаванда Шаҳобиддини Мақсудбек бо моддаи 244 КҶ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ошкор шудани куштор дар шаҳри Истаравшан

Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд. Номбурда 28 декабри соли 2017, дар ҳолати мастӣ ба хонаи марди 59-солаи сокини шаҳри Истаравшан рафта, бинобар сабаби муноқишаи ба миён омада ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ 2 маротиба ба қисмати дил ва шиками ӯ зада, аз он ҷо фирор намудааст.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Рабуда шудани духтар аз ҷониби ҷавони 24-сола

Ба шуъбаи ВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 52-солаи сокини кӯчаи К.Хуҷандии пойтахт дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 27 декабри соли 2017, шахси номаълум худсарона ба хонааш ворид шуда, аз он ҷо духтари 22-солаашро маҷбуран гирифта, ба самти номаълум ғайб задааст.

Зимни гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 24-солаи сокини кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе бо гумони одамрабоӣ дастгир карда шуд.

Ташкил намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ

Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 25-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур ҳамчун гумонбар дар ташкил намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгир карда шуд.

Номбурда бо мақсади ба муҳоҷирати меҳнатӣ фиристодан ва бо кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат дар бинои «Армуғон», воқеъ дар кӯчаи Дӯстии халқҳо ҶДММ «Меҳр-2017»-ро ташкил намуда, ба ҳайси роҳбар фаъолият кардааст. Сипас ғайриқонунӣ бе доштани иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон: зани 32-сола ва ду марди 25 ва 27-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва марди 27-солаи сокини шаҳри Ҳисор 11 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ гирифта, бо номбурдагон барои ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Аврупо фиристонидан шартномаҳои хаттӣ бастааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ  идома доранд.

 

Январь 8, 2018 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«30 СОЛИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА ВА ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ». Дар шаҳри Норак ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат 5390 кг маҳсулоти пастсифат ва хатарнок нобуд карда шуд
Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Бохтар конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Корея дар самти омӯзиши канданиҳои фоиданок ҳамкорӣ менамоянд
Интернети 4G ба муштариёни «МегаФон Тоҷикистон» бештар дастрас мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 декабр, панҷшанбе, 347-умин рӯзи соли 2024 аст
Дар ташкилоти ибтидоии «Заминсоз» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ конференсия доир шуд
21 декабр Анҷумани XIII навбатии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон доир мешавад
Оид ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдату якпорчагии миллат ҳамоиши илмӣ доир шуд