Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон харитаи пиряхҳои Тоҷикистонро тартиб медиҳад

Февраль 12, 2018 16:20

ДУШАНБЕ, 12.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки давоми соли 2018 Харитаи пиряхҳои Тоҷикистон ва Феҳристи пурраи пиряхҳои Тоҷикистонро бо нишон додани масоҳат ва  ҳаҷми обе, ки дар онҳо ҷойгир аст, тартиб диҳад. Дар ин бора имрӯз президенти Академияи илмҳо, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Мо бояд феҳристи он пиряхҳоеро, ки нобудшавӣ ба онҳо таҳдид мекунад, дар даст дошта бошем. Ин кор имконпазир аст ва боварии комил дорем, ки олимони тоҷик аз уҳдаи иҷрои ин кор мебароянд»,-гуфт академик.

Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз фурӯпошии Иттиҳоди шӯравӣ аввалин бор ба омӯзиши пиряхҳо шурӯъ мекунад. Ин дар ҳолест, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  22 декабри соли равон зимни пешниҳоди  Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки тибқи маълумот, аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар мамлакати мо ба қайд гирифта шудаанд, давоми 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир босуръат идома дорад.

Бо дарназардошти чунин вазъ Пешвои миллат ба Академияи илмҳо супориш доданд, ки дар сохтори худ Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода, мониторинги доимии пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии ҷумҳуриро бояд ҷиддӣ ба роҳ монад.

Дар робита ба ин Фарҳод Раҳимӣ иброз намуд, ки лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани Маркази омӯзиши пиряхҳо омода, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа ва барои тасдиқ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст.

Ба андешаи номбурда, масъалаи ҳифзи пиряхҳо барои минтақаи Осиё Марказӣ яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ва рақами як аст. Зеро 60 фоизи обҳои Осиёи Марказӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегиранд, ки сарчашмаи асосӣ пиряхҳо мебошанд. Ин проблема на танҳо мушкилии  мамлакати мо, балки умумиҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

«Агар тағйирёбии иқлими кураи Замин ҳамин тавр идома ёбад, ин фоҷеа барои тамоми инсоният аст. Агар мо пиряхҳоро ҳифз карда натавонем, сарчашмаҳои обӣ аз байн мераванд. Бинобар ин вазифаҳое, ки марказ иҷро  мекунад, дар Оиннома ва Низомномаи он дарҷ карда мешаванд. Дар маҷмӯъ, он маблағгузорие, ки барои марказ шудааст, кофист, ки Марказ фаъолияти босамар ба роҳ монад ва ният дорем, ки дар заминаи он озмоишгоҳ низ бунёд кунем»,-илова намуд Ф. Раҳимӣ.

Бино ба маълумоти академик, барои фаъолияти босамари Марказ дар баробари олимони Академияи илмҳо, тамоми мутахассисони варзидаи соҳаи пиряхшиносӣ ва инчунин мутахассисони хориҷӣ низ ҷалб карда мешаванд. «Ба ин восита ҳам мутахассис омода мекунему ҳам аз имконоти техникиву технологии онҳо истифода мебарем. Яъне вазифаи асосии Марказ танҳо ҳисобу китоб кардан нест, балки масъалаи асосӣ бо роҳи илмӣ асосноккунии ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон аст»,-хулоса кард президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ.

Февраль 12, 2018 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар