Азизулло Исматзода: «Кам шудани буриши худсаронаи дарахтон ба аз байн бурдани маҳдудияти истифодаи барқ рабт дорад»

Февраль 9, 2018 13:06

ДУШАНБЕ, 09.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кам шудани буриши худсаронаи дарахтон, пеш аз ҳама, ба аз байн рафтани маҳдудияти истифодаи барқ дар фасли зимистон рабт дорад. Ин матлабро директори Агентиии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Исматзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.

Ба иттилои А. Исматзода, соли 2017 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буриши худсаронаи дарахтон дар муқоиса ба  ҳамин давраи соли 2016 16 % кам шудааст. «Дар ҷумҳурӣ истеҳсол шудани зиёда аз 1 млн. тонна ангишт, беҳбуд ёфтани таъмини аҳолӣ бо гази моеъ ва  баланд шудани сатҳи маърифати экологии шаҳрвандон сабаби дигари коҳиш ёфтани буридани дарахтон барои сӯхтан дар мавсими зимистон мебошад»,-гуфт номбурда.

Бояд зикр намуд, ки ҳифз ва ҳимояи ҷангал аз сӯхтор, дарахтбурӣ ва шикори ғайриқонунӣ тибқи талаботи Кодекси ҷангали ҶТ вазифаҳои асосии соҳаи хоҷагии ҷангал маҳсуб меёбанд. Ба иттилои роҳбарияти ин ниҳод, давоми соли 2017 аз ҷониби кормандони он 1447 санади қонунвайронкунии ҷангал ба маблағи 445, 5 ҳазор сомонӣ зарар тартиб дода шуда, аз он 265 ҳазор сомониаш пардохт карда шудааст.

Тавре директори Агентиии хоҷагии ҷангал зикр кард: «Қисми зиёди қонунвайронкунии ошкоргардида, аз ҷумла,  60%-ро асосан буриши худсаронаи дарахту буттаҳои ҷангал ва 40%-ро қонунвайронкуниҳо дар самти чорвочаронӣ, ҷамъоварии меваи худрӯй, гиёҳҳои шифобахш, шикори беиҷозат ва дигар намудҳо ташкил медиҳанд».

Азизулло Исматзода аз ин нишондод изҳори таассуф намуда, гуфт, ки дарахт як ҷузъи экосистема ба ҳисоб меравад: «Мо бояд дар замони тағйирёбии иқлим кӯшиш намоем, ки дастҷамъона дар сабзонидани ниҳолҳо саҳмгузор бошем ва дарахтону буттаҳои мавҷударо ҳифз намоем».

Февраль 9, 2018 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар