БА ВАКИЛОНИ ПАРЛУМОН САВОЛ ДИҲЕД. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар нашрияҳо «Равзанаи Парлумон» боз мекунад

Февраль 13, 2018 14:53

ДУШАНБЕ, 13.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашрияҳои мамлакат гӯшаи  роҳандозӣ мешавад, ки ҳадафи он пешгирӣ аз ҳангомасозиҳои иттилоотӣ  ва роҳ надодан ба нашри масъалагузориҳои таҳрикомез мебошад. Назар ба иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов, солҳои охир дар воситаҳои  ахбори омма, бахусус  рӯзномаҳои хусусию тиҷоратӣ масъалаҳои гуногун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, зимни  муҳокимаи онҳо муаллифон баъзан ба ҳангомасозӣ роҳ медиҳанд.

Мавсуф афзуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани гӯшаи мазкур ба унвони сармуҳаррирони рӯзномаҳо барои ҳамкории муштарак мактуби расмӣ  ирсол гардида, барои як давраи омӯзишӣ кори «Равзанаи Парлумон» дар нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Садои мардум» сурат мегирад.

Қобили зикр аст, ки «Равзанаи Парлумон» нишонаи электронии худ- Ravzana-2018@mail.ru-ро дошта, шаҳрвандон метавонанд аз тариқи ин почтаи электронӣ  ва телефонҳои 221-68-16, 221-13-78,  221-11 -43, 221-11-71 саволу дархостҳои худро ба Маҷлиси намояндагон ирсол намоянд.

Саволу дархостҳои шаҳрвандон ҳамарӯза аз ҷониби кормандони котиботи роҳбарият,  шуъбаи матбуот, шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба кумитаву комиссияҳо  ва дигар шуъбаҳои дахлдор барои баррасӣ супорида шуда,  таҳти назорат қарор мегиранд.

Пас аз омӯзиш ва баррасии муроҷиатҳо саволу  дархостҳои шаҳрвандон бо зикри ному насаб ва суроғаи  мушаххаси  муроҷиаткунанда  нахуст ба шаҳрванд ва баъдан дар нашрияҳои зикршуда ба нашр расонида мешаванд.

Мувофиқи нақша, пас аз омӯзиши марҳилаи аввали фаъолияти гӯшаи  «Равзанаи Парлумон» иқдоми мазкур метавонад  дар расонаҳои дигари давлатӣ ва ё ғайридавлатӣ низ ба роҳ монда шавад.

 

Февраль 13, 2018 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд