БОЗ ЯК ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ВА БОЗ ҲАМ ДАР АМРИКО. ВАЛЕ ИН ҶО ГАП ТАНҲО САРИ ИЁЛОТ НЕСТ… (Нақли мусаввари АМИТ «Ховар»)

Февраль 15, 2018 11:01

ДУШАНБЕ, 15.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Мутаассифона, субҳи имрӯзро мо бо хабари  нигаронкунанда  дар бораи боз як ҳамлаи террористӣ, ки  дирӯз дар яке аз макотиби  ИМА содир шуд,  оғоз намудем.

 Бале, боз ҳамлаи террористӣ. Ва боз ҳам дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико. Вале ин ҷо гап танҳо  сари Иёлот нест – имрӯз терроризм ба тамоми ҷаҳон, ба ҳар як давлат ва ба ҳар яки мо таҳдид дорад. Агар имрӯз як давлати пуриқтидоре мисли ИМА дар мубориза бо терроризм чунин мушкилот дорад, пас ҷомеаи ҷаҳон бо таҳдиди ҷиддӣ рӯбарӯ гардидааст: амалан ҳеҷ яке аз давлатҳои ҷаҳон аз ҳамлаҳои террористӣ эмин нест ва қудрати таъмин намудани амнияти саддарсади шаҳрвандонашро надорад. Бинобар ин мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб бояд ҳамаи давлатҳо ва тамоми роҳбарони сиёсиро муттаҳид созад.  Ин мубориза воқеан  бояд  хусусияти глобалӣ касб кунад. Ҳамаи давлатҳо,  ҳизбҳо ва  динҳо ва ҳамаи одамони сайёра бояд дар ҳамбастагӣ бар зидди терроризм мубориза баранд, зеро дар алоҳидагӣ ин корро анҷом додан ғайриимкон аст. Ва бояд муборизаи беамон баранд! Зеро гап  дар бораи  ҳаёти садҳо миллион одамони сайёра  меравад.

 Ҳама гуна куштор беақлӣ ва беандешагии маҳз аст. Одамони тамоман бегуноҳ ба ҳалокат мерасанд,  азият мекашанд. Онҳо ҳамеша дар ҷараёни ҳама гуна низоъҳо, ҷангҳо ва ҳамлаҳои террористӣ ноҳаққона азият мекашанд.

 Имрӯз таҳдиди ҷанг  як сухани пучу холӣ нест. Ба тамоми ҷаҳон яке аз намудҳои нав ва эҳтимол аз ҳама мудҳиштарини ҷанг таҳдид  мекунад. Терроризм на ба дини ислом, на ба масеҳӣ, на ба буддоӣ ва на ба яҳудӣ иртибот надорад. Терроризм худ ба худ терроризм аст. Ҳама гуна куштор  ва террор  амали ғайридинӣ ва ғайримазҳабӣ аст.Ҳоло беш аз ҳама террору куштор  бо пардаи  дин,  билхосса  дини Ислом, рӯйпӯш карда мешавад, тавре ки ин корро   «Давлатӣ исломӣ», «Ҷабҳат-ан-нусра», «Ал-Қоида», «Толибон», ТЭТ ҲНИТ ва дигарон мекунанд.

 Бале, дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ низ мардум бо терроризм,  тавре мегӯянд, аз наздик шиносанд. Биёед ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015-ро, ки бар асари ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат одамон қурбон шуданд, ба ёд меорем. Собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар Абдуҳалим Назарзода ҳамхизматони худро барои ҳамроҳ нашудан ба гурӯҳи террористӣ ба қатл расонид. ҲНИТ, ки дастаҳои ҷангиёнро зери фармондеҳии полковник Назарзода ташкил дода буд, расман ташкилоти террористию экстремистӣ эътироф гардид…

 Биёед ҳамеша дар ёд дошта бошем: ҳадафи асосии терроризм дин ё таълимоти динӣ не, балки чизи дигар аст: сарват ва қудрат.  

 Ҳушёр бошед ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳед!

Дар интернет навори видеоӣ аз мактаби Флорида, ки собиқ  дастпарвари  он 17 нафарро  ба қатл расонид, паҳн гардид

 Яке аз хонандагони мактаби Америка Марҷори Стоунман Дуглас (иёлати Флорида) лаҳзаеро, ки дар дохили бинои мактаб тирпарронӣ сурат мегирифт, ба навор бардоштааст. Ба наворе, ки аллакай дар интернет ҷой дода шуд, хабарнигорони «New York Post» таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Бино ба маълумоти пешакӣ, собиқ хонандаи мактаб Николас Крузи 19-сола силоҳи оташфишони «AR-15»-ро ба мактаб оварда, бонги оташро фаъол намуд ва пас аз он, ки хонандагон ба долон баромаданд, тирпаррониро шурӯъ кард.

Дар навор аён аст, ки чӣ гуна хонандагон зери мизҳои хониш дар рӯи фарши яке аз синфхонаҳо пинҳон шудаанд. Тири бисёр холӣ карда шуд.

Ба гумонбаре, ки хунрезиро дар мактаб ташкил намуд, муяссар гардид, ки аз воҳимаи одамон истифода карда, мактабро тарк намояд. Аммо ӯ каме баъд дар назди мактаб аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир гардид.

***

Пас аз тирпарронӣ машғулиятҳоро дар мактаб то охири ҳафта қатъ карданд

 Дар мактаби иёлати Флорида, ки дар он тирпарронӣ сурат гирифт, машғулиятҳо то охири ҳафта қатъ карда шуданд. Дар ин бора раёсати полиси ҳавзаи Броуард хабар медиҳад.

«Мактаби «Marjory Stoneman Douglas» рӯзҳои 15 ва 16 феврали соли 2018 баста мешавад. Ҳамаи машғулиятҳои дарсӣ низ қатъ карда шудаанд», — гуфта мешавад дар иттилоияи полис.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан бо истинод ба маводҳои ВАО-и хориҷӣ хабар дод, шоми рӯзи 14 феврал   дар яке аз мактабҳои иёлати Флорида тирпарронӣ сурат гирифт. Тибқи маълумоти охир, дар натиҷаи ҳодисаи мазкур на кам аз 17 нафар ҳалок гардида, гумонбар дастгир шудааст.

***

Мақомот дар бораи «захираи зиёди аслиҳа»-и гумонбаре, ки 17 нафарро дар мактаб паррондааст, хабар доданд

 Николас Круз, ки дар яке аз мактабҳои иёлати Флорида тирпарронӣ анҷом дод, аслиҳаи «AR-15»-и истеҳсоли Америкаро истифода кард ва бо худ тирдонҳои пур аз тир дошт. Дар ин бора «CNN» бо истинод ба сардори полиси ҳавзаи Броуард Скотт Исраэл хабар медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, Круз моҳи сентябри соли 1988 таваллуд шуда, бинобар мушкилоти интизом аз мактаб хориҷ гардида буд. «Муфаттишон саҳифаҳои ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳое, ки  ба онҳо ворид мешуд, омӯхта истодаанд ва далелҳои бисёр ташвишовар пайдо мекунанд», — зикр кард сардори полис.

Яке аз хонандагони мактаб ба шабакаи телевизиони «Channel 7» нақл кард, ки гумонбар «кӯдаки душвортарбия» буд ва ӯ мушкилиҳо дошт. «Ӯ аз силоҳ барои он тир парронд, ки ба гумонам ин кор ба ӯ эҳсосоти ҳаяҷонбахш медод», — гуфт манбаъ. Ба иттилои ӯ, Круз ҳамчунин суратҳоро бо силоҳи оташфишон дар телефон нишон медод.

Нашрияи «Miami Herald» иттилоъ дод, ки маъмурияти мактаб ҳамаи омӯзгоронро дар бораи таҳдиди Круз ба дигар наврасон огоҳ намуда буд. Ҳамчунин хонандагон нақл карданд, ки Круз дар хона силоҳ нигоҳ медошт.

Силоҳи «AR-15» — истеҳсоли Америка буда, тирҳои қутрашон 5,56×45 мм холӣ мекунад. Он аз соли 1963 инҷониб истеҳсол мегардад ва ба сифати силоҳи шаҳрвандӣ истифода бурда мешавад. Инчунин бо он полис мусаллаҳ шудааст.

Тирпарронӣ дар яке аз мактабҳои шаҳри Паркленд рӯзи сешанбе, 14 феврал сурат гирифт, ки дар натиҷаи он 17 нафар қурбон шуданд. Гумонбар аз ҷониби полис дастгир гардид. Президенти ИМА Доналд Трамп амали мазкурро ҳодисаи мудҳиш хонда, ба наздикону пайвандони фавтидагон ва осебдидагон изҳори таслият намуд.

***

«Мергани Флорида» ятим буда, бинобар интизоми бад аз мактаб хориҷ шудааст

Николаси 19-сола аз ҷониби Роҷер ва Линда Крузҳо ба фарзандхонӣ гирифта шуда буд. Дар ҳоли ҳозир ҳардуи онҳо дар қайди ҳаёт нестанд.

Николас Крузи 19-солаи америкоӣ, ки дар мактаби Марджори Стоунман Дугласи шаҳри Паркленди иёлати Флорида тирпарронӣ намуд, қаблан дар ин мактаб таҳсил менамуд ва бинобар сабаби интизоми бад ӯро хориҷ намуданд. Тибқи маълумоти охирин, бар асари амали Круз 17 нафар ҳалок гардиданд.

Тавре шабакаи телевизиони «ABC» хабар медиҳад, пас аз тирпарронӣ ба Круз муяссар гардид, ки аз воҳима ва анбӯҳи одамон истифода бурда, бинои мактабро тарк намояд. Вале ӯ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар масофаи чанд километр дуртар аз мактаб дастгир гардид.

Шабакаи мазкур бо истинод ба аъзои оилаи гумонбар зикр менамояд, ки Николас аз ҷониби Роҷер ва Линда Крузҳо писархонд шуда буд. Вале ҳардуи онҳо ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд. Модархонди ӯ соли гузашта вафот карда буд.

Сенатор Билл Нелсон дар суҳбат ба шабакаи телевизиони «CNN» нақл кард, ки Круз бо ниқоб ба мактаб омада, бо худ якчанд норинҷаки дудӣ дошт.

«Ӯ ба мактаб даромада, бонги оташро фаъол намуд, то кӯдакон аз дохили синфхонаҳо ба долон бароянд. Маҳз дар ҳамон лаҳза ӯ тирпаррониро шурӯъ кард», — гуфт сенатор аз иёлати Флорида.

***

Ба тафтишоти куштори оммавӣ дар Флорида ФБР машғул мешавад

 Шуъбаи минтақавии Бюрои тафтишоти федералӣ (БТФ ё ФБР) дар иёлати Флорида аллакай тафтишоти сабаб ва ҳолатҳои тирпарронӣ дар мактабро ба дӯши худ гирифт.

«Одатан ФБР дар ҳолате дахолат мекунад, ки агар амали террористӣ бошад. Федералиҳо якҷоя бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷойи ҳодиса аз рӯи далели амали террористӣ, то он даме ки баръакси ҳол исбот нашавад, тафтишот мебаранд. Ин протоколи маъмулӣ аст», — маънидод намуд сенатор Билл Нелсон.

Дар баробари ин сенатори америкоӣ таъкид намуд, ки дар айни ҳол дар бораи бо ягон ташкилоти террористӣ иртибот доштани ин ҷавони 19-сола, ки дар мактаб тирпарронӣ кард, чизе гуфтан ғайриимкон аст.

«Ман инро дар назар надоштам. Танҳо ба савол, ки чаро ФБР тафтишотро зери назорати худ қарор дод, ҷавоб додам. Гап сари ҳамла ба анбӯҳи одамон меравад», — шарҳ дод Нелсон дар ҷавоб ба чунин саволи хабарнигори шабакаи телевизиони америкоии «CNN».

***

Трамп ба пайвандони қурбониёни фоҷиаи Флорида изҳори тасаллият намуд

 Ба фоҷиаи Флорида президенти ИМА Доналд Трамп вокуниш кард. «Дуо ва таслият ба оилаҳои қурбониёни фоҷиаи даҳшатбори  Флорида. Ягон кӯдак, ягон муаллим ва ё ягон нафари дигар набояд дар мактабҳои Америка худро дар хатар эҳсос кунад», — гуфта мешавад дар саҳифаи расмии президенти ИМА дар  «Twitter».

Пас аз рух додани ҳодиса Доналд Трамп бо губернатори Флорида Рик Скотт суҳбат кард. «Мо якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар самти фоҷиаи мудҳиши Флорида тафтиш мебаранд, кор карда истодаем», — иброз дошт Трамп.

Дар ҳамаи муассисаҳои давлатии иёлати Флорида ба хотираи қурбониёни тирпаронӣ дар мактаб то 19 феврал парчамҳо фароварда мешаванд. Дар ин бора губернатори иёлати мазкур Рик Скотт дар нишасти матбуотӣ эълон намуд.

Прокурори генералии Флорида Памела Бонди ваъда дод, ки «маросими дафни қурбониён ҷуброн шуда, ба оилаҳои онҳо ёрӣ расонида мешавад», — хабар медиҳад ТАСС.

Бояд зикр намуд, ки охири моҳи январ Трамп изҳори итминон кард, ки агар шаҳрвандони одии Франсия ҳуқуқи бо худ доштани аслиҳаро медоштанд, шумораи қурбониёни силсилаҳамлаҳои террористии моҳи ноябри соли 2015 дар Париж кам мешуд. Ба саволи хабарнигор оид ба он ки тайи ду соли охир дар иёлот якчанд тирпарронии оммавӣ сурат гирифт, Трамп чунин посух дод: «Дар сурати манъи бо худ доштани силоҳ ҷинояткорон бомба  ба даст меоранд».

Дар Иёлоти Муттаҳида аз соли 2016 то имрӯз ҳадди ақал се тирпарронии мудҳиши хунин сурат гирифт, ки ҷинояткорон аз силоҳи оташфишон истифода кардаанд. Пас аз ҳар як ҳодиса дар кишвар оид ба зарурати манъи бо худ гардондани силоҳ муҳокимаҳои  шадид сурат мегиранд, аммо чун анъана, шиддати ин гуна гуфтугӯҳо дар ИМА зуд коҳиш меёбад.

Моҳи октябри соли гузашта дар Лас-Вегас паррондани омавии одамон сурат гирифт. Кормандони полис, ки ба ҷои ҳодиса омада буданд, аз ҳуҷраи меҳмонхона, ки тирпарронӣ аз он сурат гирифт, на кам аз 10 адад силоҳи оташфишон дарёфт намуданд. Ҷинояткор то омадани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ худро кушт. Сабабҳои ҳодиса то ҳол маълум нестанд ва хадамоти иктишофии ИМА ягон робитаи миёни ҷинояткор ва террористонро пайдо накардааст.

Як моҳ пас аз ин ҳодиса, дар шаҳраки Сазерленд-Спрингс дар ҷануби Техас ҳамлагаре сӯи раҳгузарони ибодатгоҳ оташ кушод. Дар натиҷа 27 нафар ҳалок шуда, тақрибан 30 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Гунаҳкори ин ҳодиса сокини маҳаллӣ Девин Келлӣ бинобар вазъи равонӣ ҳаққи бо худ гардондани силоҳи оташфишонро надошт, вале бо кадом роҳе тафтишоти заруриро гузашта, онро дарёфт намудааст.

То фоҷиаи Лас-Вегас аз хама мудҳиштарин хунрезии тирпарронии омавӣ куштор дар Орландо маҳсуб меёфт. Дар он ҳодиса америкоии афғонтабор 49 нафар меҳмонони маркази дилхушии шабонаи «Pulse»-ро ба ҳалокат расонида, 53 каси дигарро захмӣ намуд. Худи Матин аз ҷониби полис кушта шуда, ҳодиса ҳамчун амали террористӣ эътироф гардид.

***

Тирпарронӣ дар яке аз мактабҳои иёлати Флоридаи ИМА. (Гузориши мусаввар)

 

Февраль 15, 2018 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст