Чин барои мактаби Данғара обанбор ва нуқтаҳои обрасонӣ месозад
ДУШАНБЕ, 07.02.2018/АМИТ «Ховар»/. Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон 7 феврал Созишномаи кумак барои амалисозии лоиҳаи бо об таъмин кардани мактаб дар ноҳияи Данғараро ба тасвиб расонд. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, ки санади мазкурро дар назди вакилон шарҳ дод, гуфт, ки Созишнома моҳи феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст.
Дар доираи татбиқи Созишномаи мазкур Чин барои таъмини мактаби таҳсилоти умумии рақами 42-и деҳаи Ҳусейншайхи ҷамоати Корези ноҳияи Данғара ба маблағи 12,5 миллион юан, муодил ба 17,3 миллион сомонӣ кумаки техникӣ мерасонад.
Зикр гардид, ки дар бунёди обанбор ва нуқтаҳои обрасонӣ, ки масофаи 5 километрро ташкил медиҳад, алҳол 25 коргари маҳаллӣ ва 7 нафар мутахассисони чинӣ фаъолият менамоянд. Интизор меравад, ки лоиҳаи мазкур то охири моҳи август ба анҷом расонида шавад.
Хотиррасон менамоем, ки мактаби мазкур моҳи марти соли 2014 бо маблағгузории Чин барои 640 хонанда дар як баст ба истифода дода шуда буд Дар маросими ифтитоҳи мактаб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд






