Дар Парлумони Тоҷикистон масъалаи мушкилоти истифодаи истилоҳот дар раванди қонунгузорӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 15.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Проблемаҳои истифодаи истилоҳот дар раванди қонунгузорӣ»- таҳти чунин унвон имрӯз дар Парлумони мамлакат таҳти раёсати муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ машварат баргузор гардид. Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода зикр кард, ки баъд аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми қонунгузории ҷумҳурӣ истифодаи истилоҳот, мафҳумҳо ва падидаҳои нав рӯи кор омаданд. Қонунгузорӣ аз нигоҳи методологӣ вобаста ба талаботи муносибатҳои ҷамъиятӣ мутаҳаррику тағйирёбанда буда, аз нигоҳи диалектикӣ доимо дар инкишофу пешравӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар ҳамаи соҳаҳои қонунгузорӣ пайваста истилоҳоти нав ба вуҷуд меоянд.
Мавқеи Маҷлиси намояндагон дар риояи истифодаи истилоҳоти навини услуби матни қонунҳо, имлои нави забони тоҷикӣ ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» намоён аст. Аз ҷониби Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва пажӯҳишгарони ҳуқуқшинос фарҳангҳои истилоҳоти ҳуқуқӣ табъу нашр шудаанд, ки онҳо дар роҳи баланд бардоштани фарҳанги истифодаи истилоҳоти ҳуқуқӣ бунёд мегузоранд. Вале дар низоми қонунгузорӣ бидуни истилоҳоти ҳуқуқшиносӣ мафҳуму ибораҳо ва категорияҳое истифода мешаванд, ки онҳо аз соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ бармеоянд. Барои мисол, дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи кино», «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ», «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», «Дар бораи ғалла», «Дар бораи занбӯри асалпарварӣ», «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маориф» ва амсоли инҳо.
Таъкид гардид, ки дар раванди инкишофи истилоҳоти қонунгузорӣ бояд мутахассисон саҳми худро гузоранд. Иштирокдорони машварат таъкид намуданд, ки истифодаи истилоҳоти аслии тоҷикӣ дар раванди қонунгузорӣ, илми ҳуқуқшиносӣ ва дигар соҳаҳои илм баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ аз мавзӯъҳои мубрам ва асосӣ ба ҳисоб меравад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд






