Дар Тоҷикистон 78 нафар шаҳрвандони аз 100-сола боло зиндагӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 17.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи шаҳрвандони аз 100-сола боло дар ҷумҳурӣ 78 нафар буда, 50 нафарро занон ва 28 нафари онҳоро мардҳо ташкил медиҳанд. Ин нуктаро директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода дирӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.
Зикр шуд, ки яке аз навовариҳое, ки дар барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020 дар назар гирифта шудааст, ин гузаронидани пурсиши интернетӣ ва дар иҷрои корҳои саҳроии барӯйхатгирии аҳолӣ истифода бурдани планшетҳо ба ҳисоб меравад.
Директори Агентии омор зикр намуд, ки соли 2017 истеҳсоли газ, нафт, маводи ғайримаъдании бинокорӣ, асфалт, собуни хоҷагӣ, оҳаки бинокорӣ, бетони молӣ, оҳану бетони васлшаванда, лампаҳои каммасраф кам шуда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо, пахта, картошка, сабзавот, полезӣ, меваҷот ва ангур зиёд шудааст. Ҳамчунин ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ соли 2017 37,5 млн. сомониро ташкил кард, ки нисбат ба соли гузашта 0,6 % зиёд аст. Дар соли 2017 дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ сайди моҳӣ 2053,6 тоннаро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2016 0,8 фоиз зиёд аст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






