Эмомалӣ Раҳмон: «То ҷашни 30-солагии истиқлолият дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат иншооти варзишӣ бунёд мешаванд»
ДУШАНБЕ, 14.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Тавре дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштам, мо бояд ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, зеро варзиш ҳамчун қосиди сулҳ воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад», — зикр карданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар ҷаласаи Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпӣ ва мулоқот бо масъулини соҳаи варзиш.
Президенти мамлакат ҳамчунин иброз доштанд, ки дар идомаи тасмими роҳбарияти шаҳри Душанбе оид ба бунёди майдончаҳои варзишӣ ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки то ҷашни 30 – солагии истиқлолият ҳамаи имкониятҳоро барои бунёди иншооти варзишӣ, яъне оммавигардонии варзиш, ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш сафарбар созанд.
Зикр гардид, ки ба ин раванд соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша ҷалб карда, дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, маҳалҳои аҳолинишин ва деҳаҳои калон майдону толорҳои варзишӣ бунёд карда шаванд.
«Дар иртибот ба фаъолияти иншооти варзишӣ таъкид менамоям, ки бо гармӣ таъмин намудани онҳо дар фасли зимистон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиму ҳалталаб мебошад. Вобаста ба ин, сохтору мақомоти дахлдор дар доираи имкониятҳои мавҷуда масъалаи ҷорӣ намудани тарифҳои имтиёзноки пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқ ва гармиро барои иншооти варзишие, ки дар онҳо аъзои дастаҳои мунтахаб тамрин менамоянд, омӯхта, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намоянд», — супориш доданд Роҳбари давлат ба масъулин.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд






