«ДУШАНБЕИ АЗИЗ БА ХОБАМ МЕДАРОЯД…». Сарнавишти навозандаи ҷавон Фариштамоҳ Эллер – рамзи дӯстӣ ва пайванди ногусастании халқҳои Тоҷикистон ва Эстония
ДУШАНБЕ, 13.02.2018./АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш дар шаҳри Кеҳраи Эстония консерт — рӯнамоии нахустин албоми эҷодиёти навозандаи ҷавон Фариштамоҳ Эллер бо номи «Radadel» («Дар роҳ») баргузор гашта буд. Дар ин албом асарҳои мусиқии дар жанри импровизатсия офаридаи Фариштамоҳ, ки мардуми Эстония ва дигар кишварҳои Аврупоро мафтун сохтаанд, гирд оварда шудаанд.
Импровизатсия – яке аз навъҳои мусиқиест, ки дар ҷараёни навохтани ин ё он асбоби мусиқӣ офарида мешавад. Импровизатсия хоси на танҳо мусиқӣ, балки инчунин адабиёт ва театр низ мебошад.
Хотиррасон менамоем, ки Фариштамоҳ духтари нависандаи машҳури эстон ва дӯсти арҷманди Тоҷикистон Аво Эдуард Сузӣ аст. Ӯ дар Душанбе аз модари тоҷик ба дунё омадааст. Аввали солҳои 90-уми асри гузашта ҳамроҳи падар, модар ва бародараш Тоҷикистонро тарк карда, дар Эстония муқим шуд. Пас аз хатми Академияи мусиқӣ ва театри Таллин дар Донишгоҳи мусиқии Базели («Hochschule für Musik Basel») Швейтсария таҳсил намудааст. Сипас боз ба Таллин баргашта, ҳоло дар Академияи мусиқӣ ва театри Эстония ба фаъолият машғул аст. Инчунин дар Муассисаи мусиқии «Консерти эстонӣ» ба ҳайси пианинонавози ғайриштатӣ (фрилансер) кор мекунад.
Сарнавишти ин духтари ҳунармандро дар Аврупо барҳақ рамзи дӯстӣ ва пайванди ногусастании халқҳои Тоҷикистону Эстония унвон кардаанд.
Падари Фариштамоҳ нависандаи машҳур Аво Эдуард Сузӣ муаллифи китобу мақолаҳои зиёде дар бораи табиати нотакрор, расму ойин ва ҳунарҳои миллии мардуми манотиқи гуногуни Тоҷикистон мебошад. Китобҳои «Бартанг» (қайдҳои сафар, Душанбе, «Ирфон», 1991, 236 саҳ.) ва «Мастчоҳ дар рангҳои гуногун. Тӯйи тоҷикӣ» («Матчо ва разных измерениях. Таджикская свадьба», очеркҳо, Душанбе, «Адиб», 287 саҳ.) аз ҷумлаи онҳоянд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» С. Алӣ бо Ф. Эллер дар тамос шуда, ба ӯ бо чанд суол муроҷиат намуд:
— Фариштамоҳ, шом ба хайр!
— Рӯз ба хайр, дар мо ҳанӯз рӯзи равшан аст (табассум мекунад).
— Дар Тоҷикистон ҳоло соат 18.30, бегоҳ шудааст. Дар Эстония чӣ?
— Дар мо 15.30.
— Табрикоти самимии моро ба муносибати чопи албоми нахустинатон ва иди дарпешистодаи 8 Март, ки дар Тоҷикистон чун Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад, қабул фармоед.
— Ташаккур.
— Оё рост аст, ки Шумо дар ин рӯз (8 март) дар Академияи мусиқӣ ва театри Кеҳра барои шогирдонатон консерти навбатӣ баргузор мекунед?
— Бале, ҳамин гуна тасмим гирифтаам. Ва ин консертро ба модарам Гулҷаҳон Юсуфӣ ва тамоми модарони дунё мебахшам.
— Модаратон дар он ҷо бо чӣ кор машғуланд?
— Модарам донишманди соҳаи мусиқӣ ҳастанд. Тоҷикҳо мусиқишинос мегӯянд, русҳо «музыковед», дар Эстония чун дар сойири кишварҳои Ғарб «музикологист» (musicologist). Бисёр заҳмат мекашанд, китобу рисолаҳои зиёде таълиф кардаанд.
— Дар бораи чӣ?
— Дар бораи мусиқии мардумии халқҳои тоҷику эстон. Модарам ҳам тоҷикӣ ва ҳам забонҳои русию эстониро хуб медонанд, аслан ба забони русӣ менависанд, докторантураро дар Москва хатм кардаанд.
— Худи Шумо чӣ?
— Бисёр мутаассифам, ки мисли модарам бо тоҷикию русӣ озод ҳарф зада наметавонам. Ман англисӣ, эстонӣ ва немисиро хуб медонам ва бо ҳамин забонҳо кор мекунам. Тоҷикиро падарам аз ман беҳтар медонанд, бисёр хуб медонанд ва дар Эстония ҳатто тарҷумони забони тоҷикӣ кор кардаанд.
— Падари Шумо солҳои зиёди умри худро дар Тоҷикистон сипарӣ кардаанд…
— Бале, ҳамин тавр.
— Устод сиҳату саломатанд?
— Саломатиашон хуб аст. Вале, тавре худашон мегӯянд, он шӯру шавқе, ки дар ҷавонӣ буд, ҳоло нест. Ба синни 76 даромадаанд. Таърифу тавсифро хуш надоранд, иҷозат намедиҳанд, ки аксҳояшонро дар интернет гузорем. Аммо ман акси чанд намуна китобҳояшонро ба Шумо мефиристам.
— Модаратон чӣ?
— Модарам, баръакс, бисёр суҳбат мекунанд, бо донишмандону адибони Тоҷикистон ҳамеша дар тамос ҳастанд. Дар омади гап, сомонаи агентии «Ховар»-ро қариб ҳар рӯз як бор ҳатман аз назар мегузаронанд, то аз навигариҳои Тоҷикистон огоҳ бошанд. Мегӯянд, Тоҷикистон, аз ҷумла, Душанбеи азизи мо дар ҳамаи соҳаҳо ба таври шинохтанашаванда дигаргун гашта, пеш рафтааст. Аз ин бисёр хушнуд мешаванд. Ва суруди тоҷикӣ замзама мекунанд: «Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе, хаёлам зеби дунёӣ, Душанбе…».
— Шумо чӣ?
— Ман ҳам манзараю табиат, бинову ҷодаҳои Душанбеи азизро дар аксҳо мебинам, ҳам шод мешавам ва ҳам маҳзун…
— Маҳзун? Чаро?
— Зеро… ман дар Душанбе таваллуд шудаам ва хира-хира замоне, ки он ҷоро тарк кардам, пеши чашмонам меояд, баъзан ба хобам медарояд. Замони нооромиҳо буд…
— Кадом сол?
— Бисту панҷ сол пеш.
— Ва дигар то ҳол боре ҳам ба Душанбе наомадед?
— Не, чунин фурсат ва имкон даст надод.
— Ва ҳоло агар чунин имкон пайдо шуд, меоед?
— Албатта. Ин аз орзуҳои дерин ва ширини ман аст! Ҳатман ҳамроҳи падару модар, шавҳару духтарчаам ва бародарам меоем!
— Шавҳаратон эстон аст?
— Бале. Як акс мефиристам, он ҷо ман бо модарам ва шавҳарам. Ӯ дар як ширкат ба ҳайси программисти IT фаъолият мекунад ва дар корҳои ману модарам бисёр кумак мерасонад.
— Духтарчаатон…
— Вай ҳамагӣ дуюнимсола аст ва сурудхониро дӯст медорад. Шавҳарам гуфт, ки дар чанд сомонаи аврупоӣ мусиқии суруди миллии Тоҷикистон ба рӯйхати беҳтарин оҳангҳои марғуби дунё шомил карда шудааст. Мо ҳатман ба духтарчаамон суруди миллии Тоҷикистонро ёд медиҳем. Инчунин дар интернет хондем, ки Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва чандин созмонҳои бонуфузи олам Тоҷикистонро барои сайёҳони хориҷӣ яке аз кишварҳои амнтарин ва ҷаззобтарин эълом доштаанд. Ҳамаи ин барои мо боиси ифтихор ва сарфарозист.
— Ташаккур барои ин суҳбати самимӣ, Фариштамоҳ. Умедворем, ки орзуятон ҷомаи амал пӯшад ва аллакай ҳамин сол, ки дар Тоҷикистон аз ҷониби Президенти кишварамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гаштааст, мо Шуморо дар Душанбе хоҳем дид. Тавре тоҷикон мегӯянд, суҳбат боқӣ. То боздид!
— Ман ҳам ба ин умед мебандам. Саломат бошед.