Фаррух Ҳамрализода: «Эълони мораторияи дусола барои субъектҳои истеҳсолӣ ба рушди соҳибкорӣ мусоидат менамояд»

Февраль 8, 2018 17:07

ДУШАНБЕ, 08.02.2018/АМИТ «Ховар»/. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон намудани мораторияи дусола  дар самти санҷишҳои фаъолияти соҳибкорию истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти  субектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон қабул гардид.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода зимни  тавзеҳи масъала дар Парлумони мамлакат  гуфт, ки эълони мораторияи дусола барои субъектҳои истеҳсолӣ ба рушди соҳибкорӣ мусоидат менамояд. Бино ба суханони ӯ,  баъд аз қабули қонуни  мазкур  дар ҷумҳурӣ феҳрасти махсуси субъектҳои соҳибкорӣ дар бахши истеҳсолот тартиб дода шуда, тибқи он субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки ба мақомоти марбутаи давлатӣ оид ба далелҳои вайрон гардидани меъёрҳои қонун муроҷиат намоянд.

Маврид ба зикр аст, ки мораторий бо мақсади  бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии мақомоти андоз, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Бонки миллӣ  барои ду соли оянда эълон гардидааст.

 

 

Февраль 8, 2018 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд