Хонандагони муассисаи таълимии маркази ноҳияи Ванҷ таҳсилро дар бинои сеошёнаи замонавӣ оғоз мекунанд

Февраль 9, 2018 10:28

ХОРУҒ, 9.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами чоруми ноҳияи Ванҷ дар арафаи ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсили худро дар бинои сеошёнаи замонавӣ оғоз мекунанд. Бинои кӯҳнаи таълимгоҳ ҳарчанд солҳои 70-уми асри гузашта сохта шудааст, аммо ба низоми таълими муосир ҷавобгӯ нест. Илова бар ин бар асари зилзилаи пай дар паи чанд соли  охир девор, шифту боми он зарари ҷиддӣ дида, ҳоло ба таъмири пурра ниёз дорад.  Омӯзгори собиқадори ин ноҳия Саломат Шарифов гуфт, ки «ҳангоми мулоқот бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони маркази ноҳия хоҳиш намуданд, ки барои фарзандонашон мактаби  замонавии  мутобиқ ба замони муосир бунёд намоянд. Баъди ҳамагӣ як сол бунёди бино шурӯъ шуд ва он дар соли нави таҳсил мавриди баҳрбардорӣ қарор мегирад. Кӯдакону наврасон, омӯзгорону волидон хеле шоданд, ки ин орзуи деринаи  онҳо моҳҳои наздик амалӣ мешавад».

Бинои мактаб бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ бунёд гардида, сохтмони онро Ҷамъияти дорои масъудияти маҳдуди «Ҷовид» бар уҳда дорад. Сардори ҷамъияти мазкур Воҳид Искандаров аз таъмини коргарон бо маош ва масолеҳи сохтмонӣ қаноатманд буда, гуфт, ки «онҳо то ҳол ба маблағи зиёда аз 6 миллион сомонӣ корҳои сохтмониро анҷом  дода, ният доранд то даҳаи дуюми моҳи августи соли равон онро ба истифода диҳанд. Бинои таълимгоҳ аз се ошёна, 25 синфхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ бо 260 ҷои нишаст, китобхонаи электронӣ ва майдончаи варзишӣ иборат аст».

Омӯзгори ин мактаб  Саломат Шарифов гуфт, ки синфхонаи компютерӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст карда мешавад. Ин ба хонандагон имконият медиҳад, ки дар зудтарин  фурсат оид ба фанҳои гуногун маълумоти иловагӣ дастрас кунанд.

 

Февраль 9, 2018 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад