Иштироки Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ дар Конфронси ҷаҳонӣ оид ба Ҳадафи 7-уми рушди устувор
ДУШАНБЕ, 24.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. 22 феврали соли 2018 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар Конфронси ҷаҳонӣ оид ба Ҳадафи 7-уми рушди устувор (неруи барқ), ки рӯзҳои 21-23 феврали соли равон дар шаҳри Бангкоки Таиланд баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ, ки дар чорабинии мазкур ба ҳайси муовини Президенти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ECOSOC) ширкат менамояд, инчунин яке аз ҷаласаҳои панелии конфронси мазкурро таҳти унвони “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба неруи барқ” раисӣ намуд.
Дар ҳошияи Конфронс ҳамчунин мулоқоти М. Маҳмадаминов бо муовини Дабири Кулли СММ, Котиби иҷроияи ЭСКАТО Шамшод Ахтар баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои марбут ба ҳамкории Тоҷикистон ва ЭСКАТО, аз ҷумла, масъалаҳои таҳкими ҳамкории минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамзамон ҷонибҳо оид ба чорабиниҳои дарпешистодаи муштараки СММ ва Тоҷикистон, аз ҷумла, чорабинии махсус оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 (22 марти 2918, ш. Ню-Йорк), Конфронси байналмилалӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи «Об барои рушди устувор», 2018-2028 (20-22 июни 2018, ш.Душанбе) ва Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ (3-4 майи 2018, ш.Душанбе) мубодилаи афкор намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд






