Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 23, 2018 12:54

ДУШАНБЕ, 23.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. 23 феврал дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва кулли шаҳрвандони кишварро бо санаи муҳими таърихӣ 25 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат аз роҳи пуршарафи тайкардаи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, ки аз сифр оғоз гардидаву ба як неруи пуриқтидори мудофиавӣ мубаддал гардидааст андешаронӣ карданд. Таъкид гардид, ки ҳанӯз бисту панҷ сол пеш ба дӯши ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат сарнавишти давлат, тақдири миллат ва сулҳу суботи кишвар вогузор шуда буд ва имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки хизматчиёни ҳарбӣ аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон бо сарбаландӣ баромаданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявӣ ва вазъи мураккаби сиёсӣ ҳанӯз аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус эътибори аввалиндараҷа дода, дар баробари омодасозии мутахассисони соҳа, ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву муҳиммот ва таҷҳизоти муосир шурӯъ намуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мақсади асосӣ аз таъсис додани Артиши миллӣ ташкили нерӯи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи истиқлолияту озодии кишвар қодир бошад ва якпорчагиву тамомияти арзии онро таъмин намояд. Гузашти солҳо нишон доданд, ки бо шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ — фарзандони бонангу номуси Ватан дар кишвари азизамон ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, барои сулҳу суботи устувор заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбии мамлакат анъанаҳои хуби Қувваҳои Мусаллаҳро идома бахшида, минбаъд низ ҳифзи зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи халқи хешро бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ — ҳимояи амнияту оромии Ватани маҳбубамон сарбаландона иҷро менамояд. Барои ин Ҳукумати мамлакат минбаъд низ ба масъалаи сатҳу сифати корҳои тарбиявӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҳарбӣ, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва инсондӯстиву рафоқат тарбия кардани ҳайати шахсӣ, мустаҳкам гардонидани заминаи моддиву техникии ҷузъу томҳои низомӣ, тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ диққати бештар медиҳад.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомии мамлакатро ба ифтихори бисту панҷсолагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо саломативу сарбаландӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани соҳибистиқлоламон рӯҳи шикастнопазир ва иродаи қавӣ орзу карданд.

Ҷамъомади идонаро барномаи рангину пурмуҳтавои консертӣ бо иштироки аҳли ҳунару фарҳанги кишвар шукуҳи тоза бахшид, ки туҳфаи арзандае барои афсарону сарбозони содиқи ҷумҳурӣ мебошад.

Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25 - солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23.02.2018

Февраль 23, 2018 12:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ: «Қатар ният дорад ҳамкориро бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун вусъат диҳад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Хазинаи Қатар оид ба рушд Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ ва ҳайати бонкҳои қатариро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии томактабии рақами 59-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе биноҳои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собитро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсӣ бинои нави Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхтаро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-ро ба истифода доданд
Оғози тақсими “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Дастаи алоҳидаи таъйиноти махсуси милитсия «Шоҳин»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Боздиди кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Турсунзода