МАБНӢ БАР ҒАРАЗ. Изҳороти Раёсати Шӯрои уламои Тоҷикистон роҷеъ ба таъсиси «Анҷумани озодандешони тоҷик» дар хориҷи мамлакат
«Ва ҳама мабнӣ бар ғараз ва мавқуф бар фоида аст…».
Аҳмади Дониш
ДУШАНБЕ, 14.02.2018./АМИТ “Ховар”/. Раёсати Шӯрои уламои Тоҷикистон бо изҳори нигаронӣ аз таъсиси ташкилоти ба ном «Анҷумани озодандешони тоҷик», ки воқеан ҳам мабнӣ бар ғараз аст, изҳорот пахш намуд. Дар он омадааст: «Таъсиси як созмони нави шубҳанок дар хориҷи кишвар аслан ба суди ҳеҷ ҷонибе нест.»
Дар изҳороти раёсати Шӯрои уламо, ки дар сомонаи расмии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст, гуфта мешавад, ки нафарони масъули Анҷумани озодандешон «барои мардуми кишвар бо нуқтаи назари «хос»-ашон шиносанд, онҳое, ки аз ягон далели пешрафт ва тараққии Тоҷикистон қаноатманд набуданд ва намешаванд. Хоссатан, Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки мудом ба сари давлату миллат борони туҳмату буҳтон мерезад”.
Матни пурраи изҳороти мазкур чунин аст:
ИЗҲОРОТИ
Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо таваҷҷуҳ ба хабари таъсис ёфтани як созмони нав бо унвони «Анҷумани озодандешони тоҷик» Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда, вуҷуди чунин ниҳодеро, ки зери баёнияи он як гурӯҳ шахсиятҳои ба ном зиёӣ, аммо дар асл мубаллиғони афкору мулоҳизоти ба нафъи Тоҷикистони соҳибистиқлол мухолиф имзо гузоштаанд, намепазирад ва маҳкум мекунад. Нафароне, ки масъули ин ниҳод ҳастанд, барои мардуми кишвар бо нуқтаи назари «хос»-ашон шиносанд, онҳое, ки аз ягон далели пешрафт ва тараққии Тоҷикистон қаноатманд набуданд ва намешаванд. Хоссатан, Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки мудом ба сари давлату миллат борони туҳмату буҳтон мерезад.
Ҳадафу вазифаҳое, ки дар ин баёния изҳор шудаанд, суханони обшуста ва такрор аз даҳҳо оиномаҳое ҳастанд, ки қаблан амал мекарданд. Чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки гӯиё Тоҷикистон ба тӯфони азиме гирифтор бошад ва маҳз чунин афрод кишварро наҷот медода бошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон вазъи хуби иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад, роҳи пешрафт муайян ва талошҳо барои ободии мулк ҷараён дорад. Аз ҳама муҳим, мардуми кишвар вазъи осуда дошта, тинҷиву оромӣ ва сулҳу ваҳдат дар мамлакат ҳукмфармост. Ваҳдати давлату ҷамъият таъмин аст.
Албатта, дар замони муосир давлатеро ёфтан мушкил аст, ки камбудие надошта бошад. Дар ҷумҳурии мо низ на ҳама мушкилот ҳал шудаанд, аммо ин чунин маънӣ надорад, ки барои ҳалли масъалаҳои дохилӣ дар хориҷа анҷуману созмонҳо таъсис дода шаванд. Ба андешаи мо, масъалаҳои дохилиро дар дохили кишвар, бо роҳҳои қонунӣ, бо маслиҳату машварат, тибқи қонунҳои дохилӣ ҳал намудан лозим аст. Аз ин хотир, таъсиси як созмони нави шубҳанок дар хориҷи кишвар аслан ба суди ҳеҷ ҷонибе нест.









Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд






